Дар шуъбаи консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел қабули муроҷиаткунандагон муваққатан қатъ шуд.

Тавре намояндагии дипломатии Русия хабар медиҳад, танҳо муроҷиатҳо бо масоили хеле муҳим ба таври истисноӣ баррасӣ мешаванд.

Ин қарор дар робита ба тадбирҳои роҳандозишудаи муқовимат ба паҳншавии коронавируси COVID-19 қабул шудааст.

“Доир ба замони пурра барқарор шудани кори шуъбаи консулгарии сафорат ба таври иловагӣ хабар медиҳем”, - қайд шудааст дар маълумоти сафорат.

Дар ҳамин ҳол, хизматрасонии консулгарӣ ба шаҳрвандоне, ки қаблан барои қабул худро номнавис кардаанд, бо тартиби афзалиятнок амалӣ мешавад.

Рӯзҳои корӣ аз соати 9:00 то 13:00 ва аз соати 14:00 то 18:00 тариқи телефони умумии 236-24-41 вё бо почтаи электронии [email protected] аз шуъбаи консулгарии сафорат машварат гирифта метавонед.

“Барои муроҷиат дар ҳолатҳои фаврӣ (хатар ба ҳаёту саломатӣ, ҳодисаҳои таъҷилии кумаки башардӯстона) тавсия медиҳем, ки бо телефони дипломати навбатдор: +992-90-160-50-10 дар тамос шавед”, - навиштааст сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.