Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар заминаи озмоишгоҳҳои дӯзандагии факултаи технология ва дизайн дӯхтани ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шуд.

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, тарҳи ниқоби тиббиро мутахассисони факулта бо назардошти меъёрҳо лоиҳакашӣ шудааст. Сипас дар озмоишгоҳҳои дӯзандагӣ бо ҷалби омӯзгорони мутахассис ва донишҷӯён дӯхтани ниқобҳо оғоз гардидааст.

Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳолати зарурӣ зиёда аз 6000 кормандон ва донишҷуёни худро бо ниқобҳои тиббӣ пурра таъмин кунад. Инчунин ҳаҷми истеҳсол зиёд карда шуда, ба дигар муассисаю корхонаҳо ниқобҳои тиббӣ пешниҳод карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки барои дӯхтани ниқобҳо маҳсулоти пахтагини истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла, матоъҳои пахтагини истеҳсоли корхонаи «Нассоҷии тоҷик» истифода мешаванд. Аллакай зиёда аз 1300 адад ниқобҳои тиббӣ омода шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.