Як корманди беморхонаи шаҳри Бохтар шоми 12-уми апрел аз бемории сил фавтидааст. Ӯ дар беморхонае, ки он ҷо шаҳрвандони аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон воридшуда дар карантин қарор доранд, фаъолият мекард. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар додааст.
“Шоми 12-уми апрел, соати 21:30 корманди Беморхонаи марказии вилоятии ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар Алимова Оишамоҳ, соли таваллудаш 1962 бо ташхиси сили иртишоҳи қисми мобайнии ҳар ду шушҳо (инфильтративный туберкулёз), гипертерофияи меъдачаи чапи дил, атеросклерози шоҳраг фавтид”, - иттилоъ медиҳад вазорат.
“Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар ҳолати ба қайд гирифтани сирояти коронавирус дар мамлакат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман онро тасдиқ ва эълон хоҳад кард, зеро ба ҳеҷ ваҷҳ пинҳон нигоҳ доштани ин сироят ба нафъи ҳеҷ кишваре нахоҳад буд”, - изҳор доштааст ин мақомоти давлатӣ.
Вазорати мазкур дар идомаи хабар навиштааст: “Азбаски вақтҳои охир дар муассисаҳои карантинии мамлакат фавти беморон бо ин ё он беморӣ ба қайд гирифта шуда истодааст, мутаассифона, як гурӯҳ ҳангомаҷӯён фавти онҳоро ба сирояти коронавирус мансуб медиҳанд. Айни замон, ки мавсими баҳор аст ва хуруҷи ҳар гуна бемориҳо, аз ҷумла, бемории зуком ва бемориҳои хроникӣ авҷ гирифта, онҳо низ боиси оризаҳои гуногун гардида, сабаби фавт шуда метавонанд. Бинобар ин, дар ин лаҳзаҳои ҳассос марги ҳар инсонро ба сирояти коронавирус алоқаманд намудани як идда ҳангомаҷӯён аз рӯйи адолат нахоҳад буд. Сабаби марги ҳар инсонро танҳо духтур муайян карда метавонад. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорем, ки дар ин масъалаи нозук эҳтиёткор бошанд ва ба ҳар гуна хабарҳои бардурӯғ дар ин робита бовар накунанд”.
Шаҳрвандон зимни пайдо шудани суол ва барои дастрасии тавсияҳо оид ба сирояти коронавируси нав, тавассути телефони 511, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба таври шабонарўзӣ фаъолият мекунад, муроҷиат карда метавонанд.
Вазорат аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овардааст, ки “танҳо ба маълумоти мақомоти расмӣ, аз ҷумла, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон такя намоянд”.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, аз 1-уми феврал то 13-уми апрели соли равон 7560 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз шумораи зикршуда то санаи 13-уми апрел 5724 кас ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, айни ҳол 1836 нафари онҳо зери назорати карантинӣ қарор доранд. Аз оғоз то имрӯз 326 нафар шаҳрвандони хориҷӣ низ ба карантин фаро гирифта шуданд, ки айни замон 5 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.
Ин вазорат қаблан иттилоъ дода буд, ки 11-уми апрели соли равон сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов – Ҳоҷимуҳаммад Тошев бо ташхиси «Бемории ишемиявии дил, фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4» фавтид. Ӯ дар Беморхонаи минтақавии «Ӯзбекқишлоқ» дар карантин қарор дошт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Вазорати маориф: Баъди марги кӯдаки даҳсола дар Ваҳдат директори мактаб аз вазифа барканор шуд
Қариб 600 муҳоҷири ихроҷшуда дар Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста