Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 22-юми апрел тағйироту иловаҳоро ба қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» қабул кард.

Дар тағйироту иловаҳо афзоиши ҳаҷми маблағи иҷозатнома барои фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ, бозии лото ва фаъолияти гаравхона (ломбард) пешниҳод мешавад.

Ин навъҳои фаъолият аз номгӯйи умумӣ хориҷ шуда, ба номгӯйи махсуси намудҳои фаъолият, ки барои онҳо гирифтани иҷозатнома тақозо мешавад, дохил мегарданд.

Мувофиқи қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», барои баррасии ариза дар бораи додани иҷозатнома аз рӯйи навъҳои фаъолият дар номгӯйи умумӣ дар ҳаҷми 4 нишондиҳанда барои ҳисоб ва аз рӯйи навъҳои фаъолият тибқи номгӯйи махсус – 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷ ситонида мешавад.

Барои додани иҷозатнома аз рӯйи намудаҳои фаъолият тибқи номгӯйи умумӣ дар ҳаҷми 10 нишондиҳанда барои ҳисоб боҷ ситонида мешавад. Ҳаҷми боҷ барои додани иҷозатнома аз рӯйи намудҳои фаъолият тибқи номгӯйи махсус аз ҷониби ҳукумат алоҳида барои ҳар як навъи фаъолият муайян хоҳад шуд.

Муҳлати амали иҷозатнома барои намудҳои фаъолият мувофиқи номгӯйи умумӣ – на камтар аз 5 сол ва намудҳои фаъолият тибқи номгӯйи махсус – на камтар аз 3 солро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.