Намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Шабакаи занони маъюби Точикистон ба ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои пешгирии сирояти коронавирус изҳори омодагӣ кардаанд.

“Дар робита бо вазъи пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон, бо мақсади риояи чораҳои маҳдуд сохтани хатари интиқоли коронавирус, мо барои ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз он ҷумла дар ноҳияҳои дурдасти кишвар омодаем”, - таъкид шудааст дар муроҷиати онҳо ба вазорат.

Бино ба иттилои муаллифони мактуб, “шахсони дорои маъюбиятҳои гуногун, пиронсолон, шахсони гирифтори ВНМО, сокинони деҳоти дурдасте, ки ба технологияҳои муосир, алоқа ва об дастрасӣ надоранд, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ мебошанд”.

“Шахсони маъюб ва одамони гирифтори бемориҳои музмин аксаран масунияти паст доранд ва дар давраи эпидемия ва пандемия, хусусан, COVID-19, хеле осебпазир мебошанд. Нафароне, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, сари вақт маълумоти лозимро дастрас карда наметавонанд. Аксари ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ мустақиман кор карда, бо онҳо дар тамос ҳастанд”, - омадааст дар муроҷиатнома.

“Биноан, пешниҳод мекунем, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои иҷрои тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва амалисозии чораандешии Тоҷикистон ҷиҳати паст кардани хавфи сирояти бемории COVID-19 силсилатренингҳои муштарак баргузор намоем ва китобчаҳои киссагӣ, видео / аудионавор омода созем. Ҳамчунин омода ҳастем, ки фикру пешниҳодоти шуморо дар бораи фаъолияти муштарак бишнавем”, - навиштаанд муаллифони мактуб.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш кардаанд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар бораи натиҷаи баррасии ин муроҷиатнома ва қарори дахлдори худ дар шакли хаттӣ онҳоро бохабар кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.