Маҳдудиятҳое, ки дар шаҳри Душанбе марбут ба пешгирии сирояти коронавирус ҷорӣ мешаванд, ба вуруди мошинҳо дахл нахоҳанд дошт.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати БДА Тоҷикистон хабар доданд, тадбирҳои дар Душанбе роҳандозишуда ба вуруди нақлиёт аз минтақаҳо дахл надорад.

“Дар байни ронандагони мошинҳое, ки ба Душанбе ворид мешаванд, оид ба риояи меъёрҳои санитарӣ, аз ҷумла, тоза нигоҳ доштани воситаи нақлиёт, пӯшидани ниқоби тиббӣ ва дигар талабот корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Ҷорӣ кардани маҳдудияти вуруди нақлиёт ба пойтахт ҳоло пешбинӣ нашудааст”, - гуфтанд дар РБДА-и кишвар.

Дар ҳамин ҳол, шурӯъ аз 1-уми май дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ мешаванд. Маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, аз соати 10:00 то 20:00 ҳаракати ин навъи мошинҳо дар роҳ манъ карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.