Сардухтури беморхонаи вилоятии Суғд Собирҷон Собиров аз вазифааш озод шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” худи Собирҷон Собиров хабар дод, “ӯ бо хоҳиши худаш ариза навиштааст”.

“Ба кор барои мардум дар ҳама ҷо ва ҳама гуна вақт омодаам”, - гуфт ӯ, лекин аз ҷузъиёти аз мансаб рафтанаш суҳбат накард.

Акнун собиқ сардухтури Беморхонаи сироятии Хуҷанд Баҳодур Муъминов ба ҷойи ӯ ба ин вазифа таъин шуд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи баъзе маълумот, сардухтури беморхонаи вилоятиро барои он аз мансаб сабукдӯш кардаанд, гӯё ӯ ҷавоб додани беморони илтиҳоби шушро рад кардааст.

Аз рӯзи 24-уми апрел беморхонаи вилоятӣ ба карантин баста аст. Дар он ҷо танҳо беморони таъҷилӣ (бо ҷароҳат, шикаста ё ҷарроҳии фаврӣ), аз ҷумла бо таби баланд, сулфа ва аломатҳои илтиҳоби шушро қабул мекунанд.

Аммо ба гуфтаи манбаъ, беморонро ба хонаҳояшон ҷавоб медиҳанд, ҳатто онҳоеро, ки илтиҳоби шуш (пневмония) доранд.

Ёдрас мекунем, ки 50 нафар гирифторони илтиҳоби шуш аз беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ба хонаҳояшон ҷавоб шуданд.

Он замон зикр гардида буд, ки муовини вазири тандурустии кишвар Азиз Одиназода дар ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов машварат гузаронида, зимнан дастур додааст, ки дар бемористони ноҳия карантин бекор шуда, беморонро ба хонаҳояшон ҷавоб диҳанд.

Ба гуфтаи манбаъ, минбаъд бистарӣ кардани ҳамаи беморон бо аломатҳои илтиҳоби шуш ва таби баланд ҳатмӣ нест.

“Бигзор онҳо дар хонаашон ё дармонгоҳ (поликлиника) табобат гиранд. Танҳо беморони ҳолаташон вазнин бистарӣ шаванд”, - овард манбаъ гуфтаҳои муовини вазирро.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.