Беморхонаи вилоятии Суғд дар шаҳри Хуҷанд баста шуд. Дар он танҳо беморони таъҷилӣ, бо ҷароҳату шикаста ё шахсони ба ҷарроҳии фаврӣ ниёздоштаро қабул мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъи муътамад хабар дод.
Дар шуъбаи бемориҳои шуши беморхона дар ошёнаи 4-ум танҳо беморонеро қабул мекунанд, ки таби баланд доранд. Айни замон дар бемористон ду нуқтаи қабули беморон амал мекунад: дар яктоаш беморони дорои таби баланд ва дар дигараш беморони таъҷилӣ қабул карда мешаванд.
Раёсати тандурустии вилояти Суғд то ҳол дар ин бора маълумот надода ё изҳороте нашр накардааст.
Манбаъи “Азия-Плюс” илова кард, ки ҳамаи дорухонаҳои гирду атрофи беморхонаи вилоятӣ бо сабабҳои номаълум баста шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят ва се шуъбаи сироятии беморхона бо 1030 кат ва 1700 ҷойҳои захиравӣ барои минтақаи карантин омода шудаанд. Дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд низ 100 ҷойро барои карантин тайёр кардаанд.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс” рӯзи 22-юми апрел муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруф Ҳоҷибоев хабар дода буд.
То субҳи 24-уми апрел 606 нафар дар минтақаҳои карантини вилояти Суғд қарор доштанд. То ҳамон рӯз пас аз анҷоми муҳлати карантин 2923 кас ба хонаашон ҷавоб дода шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.