Дар посух ба дархости ёрии таъҷилӣ бо доруворӣ барои муолиҷаи беморон аз коронавируси Covid-19 аз ҷониби Беморхонаи вилоятии Хоруғ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) ба ин муассиса бепул маводи тиббӣ ва дигар лавозимот тақдим кард.

Сардухтури беморхона Саидбек Давлатбеков ба кормандони Донишгоҳ барои саховатмандӣ ва дастгирӣ изҳори миннатдорӣ кард.

Кормандони ДОМ Фонди ҳамраъйӣ оид ба Covid-19 таъсис доданд. Баҳри харидории ғизо ва маводи тиббӣ барои беморхонаву оилаҳои ниёзманд ба кумак дар шароити пандемия, беш аз 100 нафар маоши якрӯза ё якчанд рӯзи худро ба ин фонд гузарониданд.

Ҷиҳати кумак ба коҳиши сатҳи паҳншавии вирус, дар қаламрави бино (кампус)-и ДОМ корҳои омодагии минтақаи муоина бо 50 кат (ҷой) ҷараён доранд.

Дар ростои зиёдшавии теъдоди беморони аз Covid-19 сироятёфта дар Хоруг ва афзоиши хатарҳо барои кормандони тиббӣ, Донишгоҳ корҳои бо воситаҳои муҳофизати инфиродӣ таъмин кардани табибону ҳамшираҳои шафқатро ба роҳ мемонад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.