Гурӯҳи ширкатҳои ҶС "Узэлектроаппарат" (#uzelectroapparat) ва КМ "Techno Cable Group" (#tcguz) ба ширкати тоҷикистонии "Энерго Комплект Инжиниринг" ҷиҳати таъмини беморхонаҳои Тоҷикистон як миқдор кумаки башардӯстона фиристоданд.
“Шарикони мо аз ҳисоби худ маҷмӯи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ иборат аз респиратор, айнак, дастпӯшак, либоси муҳофизати ва ниқобҳои тиббӣ харидаанд. Ҳамаи ин воситаҳо баъди ба Тоҷикистон расидан ба ихтиёри беморхонаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе дода мешаванд”, - хабар доданд аз ширкати "Энерго Комплект Инжиниринг".
Аз ҷумла, кумак аз 2 ҳазор либосҳо (комбинезонҳо)-и тиббӣ, 2 ҳазор айнаки тиббӣ, 5 ҳазор респиратор, 15 ҳазор дастпӯшак, 25 ҳазор ниқоби тиббӣ ва 40 ҳазор ниқобҳои яккарата иборат аст.
“Кумак рӯзи 18 май ба Тоҷикистон расида, мо дарҳол ба тақсими он ба беморхонаҳои саросари ҷумҳурӣ пардохтем. То имрӯз 1 ҳазору 630 нафар кормандони тиббӣ дар ноҳияҳои Айнӣ, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, шаҳракҳои Оби-Гарм, Рашт, Данғара, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ, Ховалинг, Муъминобод, Рӯшан, Панҷ, Ҷайҳун ва Ҷиликӯл, шаҳрҳои Исфара, Хоруғ, Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанбе воситаҳои инфиродии муҳофизатӣ гирифтанд. Рӯзҳои наздик боз 200 маҷмӯи воситаҳо ба Раёсати тандурустии пойтахт дода мешавад”, - гуфтанд дар ширкат.
Зикр шуд, ки ҶДММ "Энерго Комплект Инжиниринг" ба директори генералии ҶС "Узэлектроаппарат" Владимир Роюк, директори тиҷоратии ҶС "Узэлектроаппарат" Валиҷон Раҳимов ва муассиси КМ "Techno Cable Group” Боситхон Ҳайдархонов барои кумаки хайрия арзи сипоси бепоён изҳор мекунад.
“Ҳамчунин ба раҳбарияти КДАМ ҶТ ва сарҳадбонони постгоҳи назоратии “Дӯстӣ” барои кумак зимни гирифтани бор дар сарҳади ҶТ изҳори миннатдорӣ мекунем”, - иброз доштанд дар ширкат.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.