Шоми 26 май 22 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанд, аз Красноярск ба Ватан баргардонида шуданд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳамчунин бо парвози мазкури ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” ҷасади 1 шаҳрванди кишвар ба Душанбе интиқол дода шуд.

Бино ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, шоми ҳамин рӯз инчунин 200 нафар шаҳрвандони Русия, аз ҷумла 5 нафар кӯдакон бо хатсайри махсуси Душанбе - Красноярски ширкати “Уральские авиалинии” Тоҷикистонро тарк карданд.

Акс аз саҳифаи сафорати Русия дар ҶТ дар Фейсбук

Қаблан як манбаъ дар Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон меоянд, тести ташхиси коронавирус гирифта мешавад.

“Аз ҳамаи касони ба ватан баргашта тести ташхиси коронавирус мегирем ва агар натиҷаи тест манфӣ барояд, онҳоро ҷавоб медиҳем, лекин агар натиҷа мусбат бошад, барои муолиҷа ба беморхона мефиристем”, - гуфт манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.