Ҳамаи беморхонаҳои шаҳр аз аввали моҳи май барои қабул ва муолиҷаи сироятёфтагон аз коронавирус омода шуда буданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, баъди як моҳ, рӯзи 4 июн ҳамаи беморони аз COVID-19 шифоёфта аз баъзе беморхонаҳои шаҳр ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, аз 8 июн дармонгоҳи гастроэнтерология (клиникаи Мансуров)-и ҷумҳурӣ, беморхонаи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил ва Маркази бемориҳои урологӣ, воқеъ дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва бахши таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, ки як муддати муайян ба муоинаву муолиҷаи беморони коронавирус омода гардида буданд, ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонида мешаванд.
То рӯзи душанбе дар муассисаҳои тиббии дар боло зикршуда корҳои безараргардонӣ (дезинфексионӣ) гузаронида мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошта буд, ки акнун беморони COVID-19 танҳо дар 2 беморхонаи сироятӣ – қисман дар “Шифобахш” (Қарияи Боло) ва ду корпуси беморхонаи “Истиқлол” қабул карда мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста