Дар ростои маълумот доир ба камшавии сирояти коронавирус одамон дар Тоҷикистон хатари онро нодида мегиранд.

Ба сайругашт мебароянд, масофаи ҷисмонии байни ҳамдигарро риоя накарда, ниқоб намепӯшанд. Инро мушоҳидаи мо дар шаҳри Душанбе нишон дод.

Дар ҳамин ҳол, сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки нисбат ба  нафароне,  ки  ин  қоидаву  тартиботро иҷро намекунанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Ситод аз  тамоми сокинони  мамлакат, ки аз минтақаҳо ва  шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ба шаҳри Душанбе меоянд даъват кард, ки  бе зарурат ба пойтахти мамлакат сафар накунанд  ва аз баргузории ҳамагуна чорабиниҳо, ҷашну маросим ва маъракаҳои хурсандиву азодорӣ то ба эътидол омадани вазъияти эпидемиявӣ худдорӣ намоянд.

Зимнан дар ҷаласа хотиррасон шуд, ки қатъиян риоя намудани қоидаҳои  гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, истифодаи  ҳатмии  ниқобҳои  муҳофизатии тиббӣ  ва риояи фосилаи байниҳамдигарӣ дар шароити паҳншавии бемории сироятии коронавирус тадбирҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  роҳи   ҳифзи солимии ҷомеа ва мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ тақвият бахшида, ба пешгирии саривақтӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ дар мамлакат мусоидат менамояд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.