Замимаи CoronaCheck аз ҷониби Хадамоти Оғо Хон оид ба тандурустӣ (AKHS, Тоҷикистон) ва Донишгоҳи Оғо Хон (AKU) таҳия шудааст.

Замимаи CoronaCheck-ро бо забони тоҷикӣ метавон аз Google Play Store ё App Store барои худ баргирифт (загрузить).

“Дар замимаи CoronaCheck чат-роботи интерактивӣ истифода мешавад, ки аз ҷониби зеҳни сунъӣ идора шуда, ба корбарон барои фаҳмидани аломатҳо, баҳодиҳӣ ба сироят аз COVID-19 ва саривақт муроҷаит кардан барои кумак  имкон медиҳад. Он барои ошкор кардани сироятёфтагони имконпазир аз коронавирус пешбинӣ шудааст”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти Оғо Хон оид ба тандурустӣ дар Тоҷикистон.

Баъди гузаштан аз тест бо назардошти ҷавоб ба саволҳо, замима ба истифодабаранда машварату тавсияҳо пешниҳод мекунад.

Масалан, Шумо бояд ба табиб муроҷиат кунед ё риояи кардани гигиенаи шахсӣ ё тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бароятон кофист.

Ба ҷуз тест, дар замима наворҳои видео дар бораи аломатҳои COVID-19, тадбирҳои пешгирӣ ва масофгаирӣ байни ҳамдигар низ дастрасанд.

Ҳамчунин дар замима рӯйхати рақами телефонҳои фаъоли боварӣ оид ба коронавируси COVID-19 оварда шудааст.

Таҳиягарони замима мутмаинанд, ки CoronaCheck ба кам кардани сарборӣ ба низоми тандурустӣ ва сарфаи захираҳои муҳим, аз қабили воситаҳо барои гузаштан аз тест, инчунин вақти кормандони тиббӣ мусоидат менамояд.

Қаблан платформаи “онлайн-табибон”-и Yakdu.tj низ “онлайн-тест” таҳия намуд, ки “Назарпурсӣ бо машваратҳо оид ба COVID-19” (Опрос с советами по COVID-19) ном дорад. Бо ҷавоб ба саволҳои ин тест низ метавон дар бораи дар шахс мавҷуд будани аломатҳои коронавирус, зарурати муроҷиат ба табиб маълумоти муфид дарёфт кард.

ДОНИСТАН МУҲИМ АСТ: Натиҷаи тест дар ин платформаҳо ҳеҷ гоҳ вазъи ҳақиқии солимии шуморо нишон намедиҳад. Танҳо бо такя ба ҷавобҳои шумо ба вазъи ҳамон вақти солимиатон баҳогузорӣ мекунад.

Агар шубҳа дошта бошед, ки аломатҳои коронавирус доред, ба табибони касбӣ муроҷиат карда, аз онҳо машварат гиред.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.