Тобистон фаро расид ва табиист, ки мавсими оббозиву шиноварӣ ҳам бо он. Дар ин гармои тоқафтарсо аксарият ба канори соҳилу дарёҳо ва макони оббозӣ рӯ меоранд, то ки ба истилоҳ каме худро салқин кунанд.

Бино ба маълумоти КҲФ, сабаби ғарқшавии мардум, бахусус кӯдакон оббозӣ дар минтақаи мамнӯъ ба шиноварӣ, надоштани қобилияту малакаҳои шиноварӣ ва бепарвоии волидон аст, ки фарзандони худро назди обанбору наҳр ва кӯлу дарёҳо беназорат мегузоранд.

Мавсими обообозӣ дар Тоҷикистон аз моҳи июн оғоз мегардад. Қоидаҳои бехатариро ҳангоми оббозӣ риоя карда, дар ҷойҳои барои шиноварӣ манъшуда ба об надароед. Дар инфографикаи мо тарзи рафтор ҳангоми оббозӣ.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.