Тоҷикистон шумораи парвозҳои чартерӣ барои бозгардонидани шаҳрвандонаш аз шаҳрҳои гуногуни Русияро зиёд кард. Дар як ҳафта аз шаҳри Маскав ба самти Душанбе 10 парвоз анҷом дода мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав.

“Ҳамарӯза ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ва як рӯз пас тайёраи ширкати “Тоҷик Эйр” аз шаҳри Маскав парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд. Бо ҳар парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” 184 мусофир ва “Тоҷик Эйр” 216 мусофир ба ватан бармегарданд”, - гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ, то имрӯз бо кумаки сафорати Тоҷикистон дар Русия тавассути парвозҳои чартерӣ зиёда аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандон ба ватан баргардонида шуданд.

Аз 25-уми июн то имрӯз аз Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия беш аз 30 парвози чартерӣ анҷом дода шудааст.

Ёдовар мешавем, чанд рӯз пеш сафорати Тоҷикистон дар Маскав эълом кард, ки қисми зиёди шаҳрвандон аз гурӯҳҳои афзалиятнок – беморон, занони кӯдакдор ва ҳомила, пиронсолон ва дигарон ба ватан бозоварда шуданд. Акнун шаҳрвандони одӣ низ метавонанд бо истифода аз парвозҳои чартерӣ ба ватан баргарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.