Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта давоми 6 моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваллуд 3,9% кам шуда, ҳолатҳои фавт -  11% афзудааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли ним сол дар ҷумҳурӣ расман 100,9 ҳазор таваллуди тифлон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пешин 3,9% камтар мебошад.

Коҳиши шумори таваллуд дар ҳамаи минтақаҳо сабт шудааст, аз ҷумла дар вилояти Хатлон ба андозаи 3,8%, ноҳияҳои тобеи марказ - 3,6%, вилояти Суғд - 4,4%, ВМКБ - 5,5% ва шаҳри Душанбе - 3,6%.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, нимсолаи аввал шумори фавтидагон 18,8 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 11% зиёдтар мебошад.

Дар вилояти Хатлон 6,6 ҳазор (11,6% зиёдтар), вилояти Суғд - 6,1 ҳазор (4,9 %), ноҳияҳои тобеи марказ - 4 ҳазор (11,9 %), шаҳри Душанбе - 1,7 ҳазор (34,6 %) ва ВМКБ - 467 (6,4%) ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст.

Нисбат ба соли гузашта сатҳи афзоиши табиии аҳолии Тоҷикистон дар ин давра 6,7% поин рафта, 17,6 кас ба ҳар 1000 нафар аҳолии кишварро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.