Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 1 сентябр дар маросими анҷоми сохтмони маҳаллаи нави аҳолинишин барои сокинони аз сел дар моҳи май осебдидаи ноҳияи Хуросон иштирок кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, бо ҳузури сарвазир 67 манзили пурра сохтмонаш анҷомёфта ба истифода дода шуд.

Бо пешниҳоди сарвазир тасмим гирифта шуд, ки  ба маҳаллаи аҳолинишини бунёдгардида “30-солагии Истиқлолияти давлатӣ”-и ҷамоати Садриддин Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ном гузошта шавад.

Дар биноҳои сартарошхона, маркази савдо ва дорухонаи маҳаллаи аҳолинишини нав баъзе корҳои майда-чуйдаи сохтмон то ҳол идома доранд.

Дар ин ҷо 1,4 километр роҳ мумфаршу барои таъмини аҳолӣ бо об 18 чоҳ канда шудааст. Инчунин 2 трансформатор насб шуда, барои интиқоли барқ 83 адад симчӯб гузошта шудааст.

То анҷоми сохтмони хонаҳои нав одамон муваққатан дар хаймаҳо зиндагӣ мекарданд
Asia-Plus

Қоҳир Расулзода қайд кард, ки дарҳол пас аз сели харобиовар корҳои сохтмони манзилҳои нав барои осебдидагон дар ҷойи нав оғоз ва дар фурсати хеле кӯтоҳ бо сатҳи баланд ба охир расид ва имрӯз соҳибони хонаҳо бо ҳама асбобу лавозимоти рӯзгор таъминанд.

Аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дирӯз ба аҳолии осебдида кӯрпаву болишт ва дигар асбобу лавозимоти рӯзгор дода шуд.

Аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба мардуми осебдида кумак фиристода шуд
Сурат: Орзу Карим

Ёдрас мекунем, ки 14 майи соли равон бар асари омадани сел дар ноҳияи Хуросон даҳҳо манзили сокинон зери обу лойқа монд. Аз ҳама бештар сокинони деҳаҳои Неъматулло Асадулло ва Ҳалқаҷар осеб дида, бар асари ин офати табиӣ 2 тан аз сокинони маҳаллӣ ҳалок шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.