Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ 21 июли соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Маҷмаа муддати 8 сол сохта шуда, барои бунёди он аз ҳисоби буҷети пойтахт 945 млн сомонӣ маблағ хароҷот шуд. Лоиҳаи маҷмаа бо Федератсия навъҳои варзиш дар об мувофиқа ва ҳамаи пешниҳоду тавсияҳои ин ташкилоти ҷаҳонӣ ба инобат гирифта шуданд.
Дар ҳамин ҳол, то ҳол аксарият намедонанд, ки дар ин маҷмаа чӣ хизматгузориҳо пешниҳод мешаванд. Қариб аз ҳама тафсилот воқиф шудем, ба ҷуз арзиши хизматрасониҳо.
Маҷмааи варзиши обии Душанбе дар кӯчаи Карамов, рӯ ба рӯи Боғи фарҳангу фароғати ба номи Умари Хайём воқеъ аст. Маҷмаа бидуни рӯзҳои истироҳат аз соати 08:00 то 23:00 кор мекунад.
Дар он барои варзишгарон ва дӯстдорони варзиш ҳавзҳои шиноварӣ, толори аэробика, гимнастика, йога, рақс, фитнес, муҳорибаи тан ба тан, дзюдо ва толори машқ пешниҳод мешавад. Дар ин ҷо ҳамчунин метавон ба бозии теннис, футбол, баскетбол, волейбол машғул шуд. Ҳуҷраи модару кӯдак низ амал мекунад.
SPA, сауна (инфрасурх, финландӣ), ҳаммоми туркӣ, масҳгарӣ ва фито-бар низ аз ҷумлаи хизматрасониҳои маҷмаа маҳсуб меёбанд.
Дар бораи арзиши ин хизматрасониҳо ягон маълумоте ба даст оварда натавонистем. Дар маҷмаа ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки “додани маълумот дар бораи арзиши хизматрасониҳоро аз шаҳрдорӣ ба онҳо манъ кардаанд”. Дар дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ба мо гуфтанд, ки “нархи хизматрасониҳо дар маҷмаа махфӣ аст”, лекин сабабашро шарҳ надоданд.
Аз ин рӯ, барои дарёфти маълумот дар бораи хизматрасонӣ ва нархи онҳо шумо метавонед ба рақами кӯтоҳи 6363 ё рақами (+992 37) 241 20 14 занг занед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми гузашта дода буд, иҷро шуд?
Оғози рамзгузории электронӣ ба доруҳо ва молҳои тиббӣ дар Тоҷикистон. Ин чӣ маъно дорад?
Беш аз 471 ҳазор ронанда санади “утилизатсия”-и мошин гирифтаанд
Тоҷикистону Эрон Рӯзи бузургдошти Рӯдакиро якҷоя таҷлил мекунанд
Футболбози беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон муайян шуд
Тоҷикистон дар соли 2024 чӣ фурӯхту чӣ харид?
Ширҷӯш, устои мошин... Қатар кадом муҳоҷирони кории тоҷикро интизор аст?
Размикор аз Тоҷикистон ба унвони беҳтарин дар Open FC дар соли 2024 довталабӣ мекунад
Дарёфти патент ва шаҳодатнома тариқи онлайн. Барномаи “Андози ман”-и Кумитаи андоз чӣ гуна кор мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иброҳим ва чигуна зинда шудани мурдагон”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста