Дар Боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе чорабинӣ барои ҳайвонот (сагҳо) - HotDOGger Pawty, ки аз ҷониби блогери маъруф Шоира Пӯлодова ташкил шуд, доир гардид. Дар паҳлӯи ҳамин майдон чорабинии дигар - марҳилаи сеюми мусобиқаи шоҳмот дар пойтахт барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” низ баргузор шуд.

Дар ҳар ду ин чорабинӣ шахсони гуногун ҳузур доштанд: дӯстдорони ҳайвонот бо сагҳои худ ва шоҳмотбозони синнусоли гуногун. Ҳамаи маблағи фурӯш аз HotDOGger Pawty баҳри кумак ба паноҳгоҳҳои нигоҳубини ҳайвонот равона гардида, соҳибони сагҳо аз маслиҳатҳои муфид доир ба нигоҳубини ҳайвонот баҳравар шуданд.

1/18

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.