То субҳи имрӯз нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 98,7% ба иҷро расид.
Комиссариатҳои ҳарбии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону шаҳри Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ аз иҷрои нақша пештар хабар дода буданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода хабар дод, дар вилояти Суғд иҷрои нақшаи даъват 95%-ро ташкил медиҳад.
“Метавон гуфт, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100% иҷро шуд. Айни замон ихтиёриён давраҳои омӯзиши касби ронандагиро мегузаранд. То имрӯз нақшаи даъватро шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ ва Ноҳияҳои тобеи марказ пурра ба иҷро расониданд”, - қайд кард Фаридун Маҳмадализода.
Қобили зикр аст, ки маъракаи даъвати тирамоҳии хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябри соли ҷорӣ идома меёбад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.