Рӯзи 29 ноябр дар Хуҷанд ба хотири ёдбуди овозхони саршиноси тоҷик Кароматулло Қурбонов, ки соли 1992 кушта шуд, бояд консерт баргузор мешуд, лекин дар лаҳзаи охир, ки ҳаводорони сароянда аллакай назди даромадгоҳи Кохи Рӯдакӣ ҷамъ омада буданд, баргузории он бекор шуд.

Мардуми ҷамъомада аз он изҳори норозигӣ кардаанд, ки аз бекор шудани консерт чанд лаҳзае пештар аз оғози он хабар додаанд.

Яке аз ташкилкунадагони консерт сароянда Субҳиддини Раҷабзод дар суҳбат ба Радиои Озодӣ изҳор доштааст, ки ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус баргузории консертро бекор кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, намояндагони Раёсати маҳаллии тандурустӣ пеш аз баргузории консерт аз ин қарор огаҳӣ ёфтаанд. Фуруӯши билетҳои консерт ҳанӯз як моҳ пеш оғоз гардида буд.

Абдумавлон Абдуллозода, роҳбари Маркази назорати санитарӣ-эпидемиологии вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки қарори бекор шудани ҳамаи чорабиниҳои оммавӣ дар вилоят рӯзи 28 ноябр эълон шуда буд.

“Ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят ҳамон рӯз дар ин бора огоҳ карда шуданд. Ташкилкунандагони чорабинӣ барои огоҳ намудани шахсоне, ки ба консерт билет харида буданд, вақт доштанд”, - иброз дошт Абдуллозода.

Дар дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд тасдиқ намуданд, ки бо қарори ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо пандемия ҳамаи чорабиниҳои оммавии идонаи солинавӣ дар шаҳр, аз ҷумла дар мактабу кӯдакистонҳо низ манъ шуд. Имсол дар майдони марказии шаҳр арчаи солинавӣ гузошта намешавад.

Майдоне, ки дар он арчаи солинавии Хуҷанд гузошта мешуд
Сурат: шаҳрдории Хуҷанд

“Ҷашни Соли нави мелодиро метавон танҳо дар доираи аҳли оилаи худ таҷлил кард”, - гуфтанд дар шаҳрдорӣ.

Ёдрас мекунем, ки қаблан бо қарои ситоди ҷумҳуриявӣ ва шаҳрдории пойтахт, бар асари пандемияи коронавирус таҷлили Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон манъ шуда, арчаи солинавӣ низ дар Душанбе гузошта намешавад.

То шоми 1 декабр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 12 ҳазору 194 нафарро ташкил дод.

 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.