Алҳол танҳо ба се категорияи шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон барои боздид аз ҳар ду кишвар пас аз баста шудани сарҳадҳо аз нимаи моҳи март бо сабаби паҳншавии сирояти коронавирус иҷоза доданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.
Бино ба маълумоти манбаъ, ҷонибҳо ба гузаштани сарҳад барои шаҳрвандоне, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон ё Ӯзбекистон таҳсил мекунанд, розигӣ додаанд.
Вақти гузаштани сарҳад донишҷӯён бояд бо худ дафтарчаи донишчӯӣ ва ташхиси сироят надоштан аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то замони убури марз дода шудааст.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи манбаъ, айни замон шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҳамсар ё фарзандонашон ҳузур доранд, сарҳадро гузашта метавонанд.
Ба онҳо низ дар баробари шиноснома пешниҳоди шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи таваллуди фарзандон ва ташхиси сироят надоштан аз коронавирус, ки на дертар аз 72 соат то замони убури марз дода шудааст, зарур мебошад.
Ба категорияи сеюми шаҳрвандони кишварҳо, ки убури марз барояшон иҷоза аст, шахсоне дохил мешаванд, ки аз Ситодҳои ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус иҷозаи хаттии дахлдор доранд.
Зимнан зикр шуд, ки айни замон Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи аз 1 январи соли оянда барқарор намудани алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо гуфтушуниду машварат доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста