Барномаи озуқавории ҷаҳон (БОҶ)-и СММ имрӯз ба Тоҷикистон 180 тонна равғани растанӣ дод. Боз 123 тонна дигар равғани растанӣ то охири соли ҷорӣ ба Тоҷикистон оварда мешаванд.
Ин кумаки башардӯстона аз ҷониби Русия маблағгузорӣ шуд, ки мувофиқи Ёддошти ҳусни тафоҳум байни БОҶ ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, барои таҳкими амнияти озуқавории Тоҷикистон дар соли 2020 5 млн доллар маблағ ҷудо кард.
Дар доираи ин маблағгузорӣ ба Тоҷикистон аллакай 3 ҳазор тонна орди витаминдор оварда шуда буд.
Кумаки хӯроквории мазкур қисмате аз Барномаи ғизои мактабии БОҶ мебошад, ки зиёда аз ним миллион хонандагони синфҳи 1-4-уми 2 ҳазор мактабҳои ноҳияҳои деҳоти Тоҷикистонро фаро мегирад. Хонандагони ин мактабҳо бо мусоидати БОҶ ва Русия бо ғизои мунтазам ва солим таъмин карда мешаванд.
Дар маросими супурдани кумак сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи БОҶ дар ҶТ Марико Кавабата, раҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва намояндагони дигар шарикони рушд ширкат варзиданд.
Барномаи ғизои мактабӣ бузургтарин лоиҳаи БОҶ дар Тоҷикистон мебошад. Дар баробари таъмини муассисаҳои тахлимӣ бо хӯрокворӣ, БОҶ ҳамчунин ба таҷдиди низоми ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла таъмир ва сохтмони ошхонаву нонвойхона ва гармхона дар мактабҳо, ки барои он аз соли 2012 Русия беш аз 28 млн доллар маблағ ҷудо кардааст, мусидат менамояд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.