Русия ба Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) ҷиҳати маблағгузорӣ ба сохтмони мактабҳо дар панҷ шаҳри Тоҷикистон маблағи хайрия ворид намуд, хабар медиҳад Бонки авруосиёии рушд (БАОР). Бонки мазкур маблағҳои ин Фондро идора мекунад.
Созишномаи дахлдор дар ин хусус аз ҷониби муовини вазири молияи Русия Тимур Максимов ва иҷрокунандаи вазифаи директори иҷроияи бахши лоиҳавии ФАСР Андрей Широков ба имзо расид.
Пули ҷудошуда дар ҳаҷми 3 млн доллар ба маблағгузории бебозгашти сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин муҷаҳҳазгардонии техникии онҳо дар 5 шаҳри Тоҷикистон: Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода равона мегарданд.
Дар назар аст, ки сохтмони мактабҳо соли оянда шурӯъ мешавад.
Сохтмони мактабҳои мазкур дар доираи Созишномаи байниҳукуматӣ байни Русия ва Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2019 амалӣ мешавад.
Дар чаҳорчӯби ин қарордод аз ҷониби ҳукумати Русия барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳои таҳсилоташон бо забони русӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 30 млн доллар ҷудо карда мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.