Абдулло Раҳнамо сиёсатшинос, сардори пешини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мансаби нав гирифтааст. Ӯ ба "Азия-Плюс" гуфт умедвора аст, битавонад дар ин созмон мисли шахсиятҳои хушноме, ки замоне дар ин ҷо кор кардаанд, хидмат кунад.
Абдулло Раҳнамо баъди Анҷумани XV-и Иттифоқи нависандагон мудири шуъбаи робитаҳои адабии хориҷии ин созмон таъин шудааст. Анҷумани XV-и ин созмон 23-юми декабр дар Душанбе баргузор шуд, ки дар он Низом Қосим барои 5 соли дигар раиси он боқӣ монд. Абдуллоҳ Раҳнамо, ки то ин вақт мушовири мудири Маркази тадқиқоти стратегӣ буд дар ин мақом ба ҷойи нависанда Ато Ҳамдам омадааст, ки дувумӣ акнун масъулияти мудирии шуъбаи драматургияро ба дӯш гирифтааст.
Раҳнамо ҳамчунин дар Анҷумани XV-и Иттифоқи нависандагон ба узвияти Раёсати ин созмони эҷодӣ пазируфта шудааст. Абдулло Раҳнамо муаллифи ду маҷмӯаи шеър низ ҳаст ва соли 2014 ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуда буд.
Абдуллоҳи Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, коршиноси сиёсӣ ва масоили дину давлат аст, ки бо таҳлилҳо ва мавзеъгириҳои сиёсияш дар расонаҳо яке аз чеҳраҳои пурбаҳс шинохта мешавад. Ӯ соли 1971 дар ноҳияи Ҳисор зода шудааст ва риштаи забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан дар Эрон дар риштаи улуми сиёсӣ таҳсил карда, баъди Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба унвони ёвари муовини Сарвазири Тоҷикистон кор кардааст.
Ҳамчунин солҳои зиёде дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон фаъолият мекард.
Раҳнамо муаллифи китобҳое чун "Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ", “Уламои исломӣ дар Тоҷикистон", "Ислом ва амнияти миллӣ", "Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ" мебошад ва дар чанде аз донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон ҳам дар ин заминаҳо суханронӣ кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Вазорати меҳнат: Барои кор дар Британия ба ширкатҳои иҷозанадошта муроҷиат накунед!
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста