Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва тавассути месенҷерҳо паёмакҳои зиёде доир ба бурди 100 адад нақлиётҳои «Tayota Camry», телефону компютерҳо ва тӯҳфаҳои пулӣ дар ҳаҷми аз 50 то 10 000$, ки гӯиё бо иқдоми Ҳабиб Нурмуҳаммадов (Нурмагомедов), размикори маъруфи доғистонӣ роҳандозӣ шудааст, ба таври оммавӣ паҳн гашта истодааст (бойгонӣ).

Ин паёмак ҳанӯз чанд моҳ пеш дар Интернет фазои дигар кишварҳоро низ фаро гирифта буд. Сомонаи Factcheck.kz, ки дар самти далелсанҷӣ фаъолият мебарад, моҳи октябри соли 2020 аз хонандагони худ даъват карда буд, то ба ин гуна сомонаҳо ворид нашаванд ва маълумоти шахсии худро ба ҳар кас ирсол накунанд.

Ҳоло ин паёмак фазои иттилоотии Тоҷикистонро низ фаро гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо чарх мезанад, ки боис ба санҷиши мо гардид.


Ҳукмнома: Фейк бо унсурҳои дасткорӣ

Бояд гуфт, ки чанд хабаргузориву пойгоҳҳои мӯътамади инетернетӣ ин матлабро «тақаллубӣ» ё «бофта» унвон додаанд. Ғайр аз ин, худи варзишгар Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар саҳифаи «Instagram»-и худ корбарони интернетиро огоҳ кардааст, ки ба ин гуна иқдомҳои шубҳаноку қаллобона бовар накунанд.


Чӣ гуна санҷида шуд?

Ҳанӯз моҳи сентябри соли 2019 дар пасманзари паҳни ҳар гуна хабару рекломҳо дар мавриди иқдомҳои гӯиё бурдноки Ҳабиб Нурмуҳаммадов Хадамоти вокуниши ҳодисаҳои компютерӣ дар Қазоқистон KZ-СERT сомонаҳоеро, ки ба паҳни хабарҳои шубҳанок сарукор доранд, онҳоро «сомонаҳои қалбакӣ» ва дастандакоронашро «фиребгарон» унвон карда буд (бойгонӣ).

«Аз тарафи коршиносони KZ-CERT таҳлили муфассали зиёда аз даҳ манбаи интернетӣ анҷом дода шуд, ки дар натиҷа ҳамаи онҳо ҳамчун «захираи интернетии қаллобӣ/фишинг дар шабакаи Интернет» шинохта шуданд», – омадааст дар маводи Хадамот.

Расонаҳои хабарии Комсомольская правда (бойгонӣ) ва Sports.ru (бойгонӣ) низ аввали моҳи ноябри соли гузашта аз сохта будани он иттилоъ дода буданд.

Инчунин, худи Ҳабиб Нурмуҳаммадов 19-уми ноябри соли 2019 дар саҳифаи расмии «Instagram»-аш зери унвони @khabib_nurmagomedov бо нашри матлабе гуфт (бойгонӣ):

«Директи ман аз саволҳои зиёд дар бораи кадом як озмун таркида истодааст, ман ҳеч гуна озмун намегузаронам, лутфан маблағҳои худро ба қаллобон нафиристед. Инчунин, ин паёмро ба дигарон ҳам расонед».

 

 

Хулоса

Дар такя ба манобеи расмӣ, хабари иқдоми бурди 100 адад нақлиётҳои «Tayota Camry» ва дигар тӯҳфаҳо аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов бофтаи фиребгарон буда, ҳукмномаи мо ба маводи мазкур «Фейк бо унсурҳои дасткорӣ» ном мегирад.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!