Дар паёми имрӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон сарвари давлат қайд кард, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳаи маориф норасоии муассисаҳои томактабӣ дар аксарияти шаҳру навоҳӣ мебошад.

“Соли гузашта ҳамагӣ 14 муассисаи томактабӣ барои 2520 кӯдак бунёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест”, - изҳор дошт ӯ.

Дар ин робита, президент ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки бо ҷалби соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ кунанд.

“Хоҳиш мекунам, ки ба ин масъала бисёр ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд муносибат намоед”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба маълумоти расмии оморӣ, зиёда аз 70%-и кӯдакони синни аз 3 то 6-сола дар Тоҷикистон ба таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ дастрасӣ надоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.