Донишҷӯёне, ки ба таътили зимистона ба хонаҳояшон ба вилояти Суғд рафта буданд ва дигар мусофирон шикоят доранд, ки нархи роҳкирои таксиҳо хеле боло рафта, аз 120-130 сомонӣ то ба 170-200 сомонӣ боло рафтааст.

Донишҷӯ Азиз Ҳакимов, ки чанде пеш бо дӯстонаш аз шаҳри Исфара ба Душанбе омадааст, ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки бо як душворие ронаднаро розӣ кунонидааст, ки бо 170 сомонӣ аз ҳар кадоме онҳоро то Душанбе расонад.

Яке аз ронандагони такси Муродҷон Самиев, ки ба мусофиркашонӣ дар ин самт машғул аст, изҳор намуд, ки вазъи душвор онҳоро ба ин кор маҷбур мекунад, зеро сӯзишвории дизелӣ барои мошин аз нархи 5,4-5,8 сомонӣ барои 1 литр айни замон бо арзиши то 7,2 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Ҷамшед, ронандаи дигар мегӯяд, дар фасли зимистон нархи мусофиркашҳои ин смат ҳамеша боло бурда мешавад, зеро роҳҳо ях баставу хатари тармафароӣ вуҷуд дорад ва хароҷоти мошин ҳам зиёд аст.

“Дар плазаҳои IRS пул медиҳем, нозирони БДА ҳам ааз мо пул талаб мекунанд ва ғайр аз ин, ҳозир мавсими таътил асту талбот низ зиёд шуд, зеро мо ҳам кор карда, рӯзгорамонро бояд таъмин кунем”, - гуфт ӯ.

Пас аз болоравии нарх овозаҳое пайдо шуданд, ки гӯё ширкати масъули ин роҳ - IRS тарифҳои истифодаи зербинои роҳро дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд боло бурдааст, лекин дар худи ширкат ба “Азия-Плюс” ин овозаҳоро рад карда, изҳор доштанд, ки аз оғози фаъолият дар ин роҳ боре ҳам нархро боло набурдаанд.

“Ин овозаҳо дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ асоси воқеӣ надоранд, - гуфтанд дар ширкат. - Нархҳое, ки моҳи апрели соли 2020 муқаррар шуда буданд, яъне 59 сомонӣ барои мошинҳои сабукрав тағйир наёфтаанд”.

Ёдрас мекунем, ки масофаи роҳи Душанбе - Чанак 410 километрро ташкил медиҳад. Аз соли 2006 то 2010 роҳ бо харҷи 296 млн доллар таъмир шуд. Аз 1 апрели соли 2020 бар асоси консепсия роҳ ба идоракунии ширкати IRS (Innovative Road Solutions) супурда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.