Пойгоҳи интернетии "Диссернет" хабар додааст, ки Раёсати КОА (ВАК)-и Вазорати маориф ва илми Русия тавсия додааст, ки дараҷаи илмии 11 олими риштаи тиб ва 2 олими биология ва кишоварзӣ бекор карда шавад. Дар миёни ин 11 нафар се доктори илм низ ҳастанд, ки яке аз онҳо олими тоҷик, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино Абдурасул Сангинов низ мебошад.
Ин пойгоҳ гуфтааст, ки қарор аст, дар мавриди бекор кардани дараҷаи илмии ин 13 нафар фармони Вазорати маориф ва илми Русия содир шавад. Ба навиштаи пойгоҳ дар мавриди ҳамаи ин 13 нафар "Диссернет" таҳқиқот анҷом дода буд.
Пойгоҳи "Диссернет" моҳи марти соли гузашта Абдурасул Сангиновро муттаҳам ба асардуздӣ карда буд. Ин Пойгоҳ навишта буд, ки олими тоҷик дар рисолаи докторияш, ки соли 2011 дар Санкт-Петербург ҳимоя кардааст, аз корҳои илмии чанд олими рус, аз ҷумла Андрей Горохов, Сергей Шевчуков ва дигарон рӯйбардор кардааст.
Худи Абдурасул Сангинов мегӯяд, ки аз ин тасмими КОА-и Русия хабар надорад. Ӯ рӯзи 11-уми март дар сӯҳбат бо "Азия-Плюс" гуфт, ки КОА-и Вазорати илму маорифи Русия ба вай ягон паём ё огоҳие нафиристодааст.
"Вақте соли гузашта "Диссернет" маро муттаҳам ба асардуздӣ карда, ман ба ин кори онҳо вокуниш нишон дода, посухи расмӣ навиштам. Ба посухи ман аз сӯйи "Диссернет" посух дода нашуд. Ман ба КОА-и Русия рафтам, дар яке аз ҳимояҳо ширкат кардам. Ба ман дар он ҷо гуфтанд, ки ягон чизи ҷиддие нест. Баъдан шароити пандемия шуду ягон гапу хабар нашуд".
Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд месанҷад. Ин пойгоҳ дар 3-4 соли ахир бештар аз 50 олими тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам кард, аммо аз ин миён танҳо Абдурасул Сангинов кори ин пойгоҳро ноодилона ва нодуруст хонду ба он вокуниши расмӣ кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикистон дар рейтинги қобилияти зеҳнӣ дар ҷои чандум аст?
Тулӯъ ва ғуруби “Помир”. Чӣ тавр корхонаи маъруфи яхдон дар Душанбе моли таърих шуд?
Нархи нигоҳубини кӯдакон дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Манъи кор барои муҳоҷирон дар чанд самти дигар дар Воронеж
Шаш узви Ҳизби комунистии Тоҷикистон ҳам мехоҳанд вакили парлумон шаванд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тӯтӣ ва устоди суханомӯз”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2025
15 овозхони шинохта дар як саҳна, сурудҳои писандида ва дунёе аз эҳсосот. “Tarona Music Award-2024” чӣ гуна гузашт?
Табибони тоҷик бори нахуст бидуни буриш майнаи сарро ҷарроҳӣ кардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста