Ҳайати омӯзгорон Украина таҳти роҳбарии вазири маорифи ин кишвар Сергей Шкарлет бори нахуст бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.
Ба ҳайате, ки рӯзи 30 март ба Душанбе ташриф меорад, ректорону намояндагони зиёда аз 80 мактаби олии минтақаҳои гуногуни Украина шомиланд.
Ҳадафи аслии сафар - баргузории ҳамоиши маърифатии "Учимся в Украине" («Study in Ukraine», Дар Украина мехонем) мебошад. Дар кори ҳамоиш вазирони маориф ва илми Тоҷикистону Украина ва роҳбарони макотиби олии ҳар ду кишвар иштирок мекунанд.
Дар барномаи сафар аз 30 март то 4 апрел баргузории намоишгоҳи таҳсилотии «Study in Ukraine» дар Душанбе низ пешбинӣ шудааст.
Дар чаҳорчӯби кориҳамоиш инчунин вохӯрӣ бо хатмкунандагони макотиби олии Украина, ки дар соҳаҳои гуногун дар Тоҷикистон машғули коранд, дар назар аст. Ин вохӯрӣ рӯзи 30 март дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур (оғоз соати 14:00) баргузор мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.