Дар ҳамаи боғҳои фарҳангу фароғати Душанбе рӯзи 17 апрел ба муносибати ҷашни Рӯзи пойтахт сайругаштҳои оммавии сокинон ва меҳмонони шаҳр доир мегардад. Оғози чорабиниҳо дар ҳамаи боғҳо соати 10-и субҳ дар назар аст.
Ниммарафони байнулмилалӣ, ки маротибаи 11-ум дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, соати 9:00 аз маҷмааи Наврӯзгоҳ оғоз мегардад. Дар ниммарафон аз иштироки давандаҳо қариб аз 20 кишвари саросари дунё ва садҳо варзишгарони тоҷикистонӣ интизорӣ меравад.
Ниммарафони Душанбе ба рӯйхати мусобиқаҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии марафон ва дав ба масофаи дароз дохил аст.
Шомгоҳон, соати 17:00 дар майдони назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи пойтахт консерти пуршукӯҳу шаҳомати устодони санъати ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Соли гузашта дар робита ба пандемияи COVID-19 дар саросари ҷаҳон, ҳамаи чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон бекор шуда буданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.