"Нисор" мустандаи навест, ки коргардони варзидаи тоҷик Сафарбек Солеҳ дар бораи Нисор Муҳаммад яке аз бунёдгузорони Тоҷикистон дар солҳои 20-уми асри гузашта сохтааст. 

Қарор аст, ин филм рӯзи 8-уми май, соати 11 дар "Хонаи кино" - кинотеатри "Зебунисо" рӯнамоӣ шавад. 

Дар ин филми мустанад Сафарбек Солеҳ дар мавриди саҳми Нисор Муҳаммад дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Миёна тайи солҳои 1920-30 нақл мекунад. Барои рӯйи навор овардани филм коргардон чор сол пеш ба Маскав рафта буд. Баъдан маълумоти дигарро коргардон дар сафарҳои дигари хеш ҷамъ овардааст.

Нисор Муҳаммад аввалин комиссари маъорифи халқи Тоҷикистон буд, ки дар мавриди ӯ дар Тоҷикистон маълумот хеле кам аст. Дар Душанбе яке аз кӯчаҳои марказӣ, кӯчаи собиқи Чехов ба ифтихори ӯ гузошта шудааст. 

Сафарбек Солеҳ, чор сол пеш замони сохтани филм гуфта буд, ки "зиндагиномаи аввалин комиссари маъорифи халқи Тоҷикистонро тақрибан дона ба дона ҷамъ кардааст".

Коргардон хешовандони Нисор Муҳаммадро дар Маскаву Пешовари Покистон пайдо кардаву бо онҳо ҳамсуҳбат шудааст. Аммо ҳамагирии вируси куруно бархе аз нақшаҳои коргардонро барои сохтани филм тағйир додааст.

Нисор Муҳаммад соли 1897 дар Пешовари Покистони имрӯз, ки он вақт Ҳинди Бартонавӣ ном дошт таваллуд шуда, сипас ба Осиёи Марказӣ фирор мекунад, ки дар ин ҷо ба сатҳи нахустин вазири маорифи Тоҷикистон мерасад. Ба ҷуз ин ӯ намояндаи тоҷикон дар комиссияи маориф Ҷумҳурии Бухоро буд. 

Аз назари коргардон ӯ хидматҳои фаровоне барои рушди фарҳангу маорифи тоҷикон кардааст, аммо саранҷом дар октябри соли 1937 ҳангоми бозпурсӣ ба ҷурмӣ ҷосусӣ ва миллатгароии буржуазӣ, бидуни ҳукми додгоҳ кушта мешавад ва ҷасадаш сӯхта мешавад. Алабатта дар соли 1937 сафед мешавад.

аз бойгонии хонаводаи Нисор Муҳаммад

Нисор Муҳаммад, ки дар тамоми асноди Шӯравӣ ӯ худро паштун навишта аслан аз деҳаи Зидеҳи Своти Покистони имрӯзӣ мебошад. Свотиҳо дар тадовуми 300-400 соли пеши зери ҳамлаву таҳмили қабилаи юсуфзайиҳои паштун забони худро тақрибан гум кардаву худро ҳам паштун меномиданд. Аммо дубора дар ин авхор барои эҳёи ҳувияти худ талошу муборизаро оғоз кардаанд ва як созмоне ҳам бо номи "Тоҷикони Свот" фаъол кардаанд. Дар асноди расии Нисор Муҳаммад ҳам номи пурраи ӯ Нисор Муҳаммад Юсуфзай омадааст.

Нисор Муҳаммад яке аз муаллифони аввалин китобҳои дарсӣ барои мактабҳои тоҷик дар Осиёи Марказӣ буд. Аз ҷумла ӯ дар соли 1923 китобҳои "Арифметика" барои мактабҳои тоҷикӣ ва "Маҷмӯаи рубоӣ ва афсонаҳои тоҷикони Шуғнон"-ро навиштааст. Ӯ барои боз кардани мактаб, китобхона, омӯзишгоҳ ва дигар корҳои фарҳангиву маърифатии тоҷикон дар шаҳрҳои Тошканду Самарқанд ва Фарғонаву Хуҷанду душанбе корҳои пурарзише кардааст.

Нисор Муҳаммад ба далели ширкат дар ҷангҳои зидди инглис аз Пешовар ба Осиёи Миёна фирор мекунад. Аз зане, ки дар Покистон доштааст як писар доштааст, ки акнун аз он писараш як набера ҳам дорад ва дар Пкоситон ба сар мебарад.

Дар Шӯравӣ ду бор хонадор шудааст ва аз ҳар ду издивоҷ фарзандоне доштааст ва имрӯз наберагонаш дар Маскаву Петербург зиндагӣ мекунанд, ки коргардони филми мустанад бо онҳо дидор доштааст.

 

На Донском Кладбище у могилы №1 появилась мемориальная табличка - Sputnik Тоҷикистон

Нисар Муҳаммад соли 1922 устоди Донишгоҳои давлатии Осиёи Марказӣ буд, солҳои1926-1929  ва 1930 барои ду бор Нозири халқии маорифи Тоҷикистон ё ба ибораи имрӯз вазири маорифи Тоҷикистон буд. Солҳо 1932 дар Донишкадаи шарқшиносии Маскав устоди риштаи забонҳои урду ва пашту буд.

Ба гуфтаи коргардони филм Нисор Муҳаммад 12 забонро медонистааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.