Донишманди барҷастаи тоҷик, академик Акбари Турсон ҳам бештар аз як ҳафта шудааст, ки аз бемории монанд ба коронавирус ранҷ мекашанд. Дар ин бора наздикони эшон ба “Азия плюс” хабар доданд.
Манбаъ гуфт, ки Акбар Турсон ҳоло дар хона муолиҷа мешаванд ва духтурон барои табобаташон ба хона омада мераванд.
Яке аз наздикони Акбар Турсон гуфт, ки назар ба як ҳафта пеш, замони хуруҷи беморӣ ҳоло вазъи саломатиашон хуб аст ва ҳарорати баландашон ҳам паст шудааст, вале беҳоливу бемадорӣ то ба ҳол ҳаст.
"Аз “COVID-19” тест супоридем, хушбахтона, натиҷааш манфӣ баромад, вале нишонаҳояш ба коронавирус монанд аст, махсусан беҳолӣ ва ҳарорати баланд",-гуфт ин хешованди академик.
Моҳи октябри соли гузашта, дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ, дар ростои зодрӯзашон, академик Акбар Турсон ба "Азия-Плюс" дар посух ба суоли бо коронавирус чӣ миёна доред, чунин посухи фалсафӣ дода буданд.
"Коронавирус – аксуламали табиат мебошад. Дар муқобили ҳаракатҳои инсон ба муқобили табиат. Инсонҳо истисмор карда, мехоҳанд табиатро зери фармони худ гиранд, лекин табиат қонунҳои худро дорад ва мо аксари он қонунҳоро намедонем".
Дар ҳамин суҳбат ин донишманди пуровоза гуфта буд, ки корҳои нотамоми зиёд дорам, ки ба онҳо банд ҳастам:
"Имрӯзҳо навишти китоби “Ҳикмати таърихи тоҷик”-ро давом дода истодаам. Дар он мушкилиҳои зиёде ҳаст, ки бояд ҳал кард. Китоб тақдири гузашта, ҳозира ва ояндаи халқи тоҷикро дар раванди таърих дар бар мегирад. Барои ин тафаккури васеи фалсафӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайраҳо лозим аст. Баъдан худи вазъи рӯҳиву равонии тоҷикро дарбар мегирад".
Ҳамчунин китоби дигаре навишта истодаам бо номи “Шарқзадагӣ”. Дар Эрон солҳои 50-60 китобе бо номи “Ғарбзадагӣ” нашр шуда буд. Як комунисти Эрон эрониҳоро танқид карда, масхара карда буд. Ман акнун аз назари шарқиёна навишта истодаам, ки сабаби тақлидкории мо чист, чаро мо ба дигарон тақлид мекунем? Шояд ин бархоста аз табиати инсонии мост, - гуфта буд Акбари Турсон.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Нархи патент боз дар кадом минтақаи Русия гарон шуд? Ном ба ном
Сафорати Чин аз шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон ва Афғонистон хост, ки ба минтақаҳои марзӣ сафар накунанд
Аз имтиёзҳои нав ба довталабон то таъсиси пойгоҳи ягонаи электронӣ. Дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ тағйир ёфт?
Соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаво аз меъёри иқлимӣ гармтар шуд
Марги як ҷавони 19-сола дар пайи муноқишаи гурӯҳӣ дар Русия. Расонаҳо гумонбарро зодаи Тоҷикистон мегӯянд
Дар радабандии нави ФИФА тими миллии Тоҷикистон дар зинаи 100-ум қарор гирифт
Қазияи муноқиша дар “Парламент”. Ба ҷойи додситони барканоршудаи Бӯстон то ҳол касе таъин нашудааст
“Тафтиш мекунем”. Вокуниши Толибон ба даргирӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон
Ҳушдори Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши барфи шадид дар Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 8
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста