Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорф ва илми Тоҷикистон ахиран ба баҳсу суолҳо дар мавриди дароз кардани соли таҳсил дар кишвар посух дод.
Вазири маориф баъди пофишории журналистон гуфт, ки аз ин масъала огоҳ аст ва чанд сол аст, ки таҷрибаи дигар кишварҳоро дар ин масъала омӯхта истодааст. Вай аз Австрия, Фаронса Ҳоланд, Инглистон ва Итолиё мисол овард, ки соли хониш дар ин кишварҳо ба гуфтаи вазир моҳи июл анҷом меёбад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар як кишвар низому тартиби худро дорад ва онҳо фаъолияти худро дар асоси муроҷиати як ё ду нафар танзим намекунанд.
- Ин ба иқлим, муҳити ҷуғрофӣ, табиат ва дигар ҳолатҳо вобаста аст. Масъалаи дигар, мо алакай ба низоми дигари таҳсилот гузаштем ва ин низом вақту соат буҷети навро талаб мекунад. Падару модар андешаи як нафарро мекунанд, мо пешбарандаи ҳамин сиёсат ҳастем, мо таҳлил мекунем, меомӯзем таҳқиқ мекунем,-гуфт вазири маориф.
Ӯ, ҳамчунин мисол овард, ки онҳо дар фасли зимистони имсола, ки нисбатан сарддтар омад ба таври локалӣ бе вайрон кардани низоми таҳсилот, дар мактабҳои ноҳияи Мурғоб ва шаҳри Хоруғ таътили зимистонаро тамдид карданд.
Ҳамин тариқ, гуфт, ӯ дар солҳои гарм омадан тасмимҳои дигар мегирем.
- Яъне ҳолатҳое мешавад, ки мо бояд вобаста ба ҳамун вазъият як қарори муваққатӣ қабул кунем. Чанд сол пеш дар фасли зимисон як моҳ таътил медодем. Дар масъалаи оғоз ва анҷоми соли хониш мо фикр карда истодаем ва худи ҳамин сол нисбат ба солҳои пеш дарсҳоро тезтар ба итмом расонидем. Мо фикру андешаи падару модаронро мегирем. Барои мо аз ҳама чизи муҳим буҷету вақт аст. Яъне барои як соли таҳсил, чанд ҳафта, чанд соат, чанд рӯзи дарсӣ аст мо вобаста ба он фаъолият мекунем ва давомнокии соли таҳсил ҳам аз ҳамин вобастагӣ дорад. Ҳастанд кишварҳое, ки таътили тирамоҳӣ ва баҳорӣ надоранд ва аз ин ҳисоб анҷоми соли таҳсилашон пештар аст. Вале дар мо низмомамон дигар аст,-гуфт М. Имомзода.
Пулҷамъкунӣ барои таъмир дар муассисаҳо нест
Муҳаммадюсуф Имомзода, ҳамчунин дар нишасти хабарии вазорат масъалаи пулҷамъкунии муҳассилини мактабҳои миёна ва олӣ барои таъмири муассисаҳои таълимии ҷумҳуриро ғайриқонунӣ хонд ва иддао дар ин бораро рад кард.
Ӯ афзуд, ки баъзан дар макотиби ҷумҳурӣ Асотсиатсияи падару модарон фаъолият доранд, ки онҳо худашон мехоҳанд, мактабашонро таъмир кунанд, аммо дастуре барои пулҷамъкунӣ нест.
Ба гуфтаи вазир, шикоятҳое, ки дар мавриди ҷамъоварии пули таъмир, ки тариқи телефон ворид мегарданд, гуруҳи корӣ ташкил карда мешавад, месанҷанд ва чораандешӣ мекунанд.
Муҳаммадюсуф Имомзода дар посух ба рӯзноманигорон, ки гуфтанд ахиран бархе донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ аз ҷамъоварии пул барои таъмир шикоят кардаанд, далели мушаххас хост.
- Агар далели мушаххасе бошад, пешниҳод кунед, ки масалан Алӣ Валиев, аз кадом курсу факултет шикоят дорад. Агар бидуни мисоли мушаххас бошад, масъулини муассисаи таълимӣ мегӯянд, ки ин туҳмат аст,-гуфт вазири тоҷик.
Имомзода таъкид намуд, ки ДМТ ба таъмир ниёз надорад, чун биноҳояш нав мебошанд ва таъкид намуд, ки вазъи молиявии ин муассиса хуб асту тавони таъмиру сохтмонро дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳоҷатхона дар куҷост? “Азия-Плюс” харитаи ҳоҷатхонаҳои Душанберо омода кард
Мактберо дар Рӯдакӣ ба номи забоншинос Ҳомид Маҷидов гузоштанд
“Хостори хуб шудани муносибат ҳастем”. Як намояндаи Толибон дар бораи равобит бо Тоҷикистон сухан гуфт
Боздошти 15 ноболиғ дар Душанбе баъди нашри навори сангпартоӣ
Филармонияи давлатии Тоҷикистон навсозӣ шуд. Чӣ тағйир ёфт ва чанд пул сарф шуд?
Додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб: “Марги сарбоз Ботир Эргашев таҳқиқ мешавад”
Ифтитоҳи чанд корхона ва мактаби варзишӣ. Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд идома дорад
Тоҷикистон дар раддабандии донистани забони англисӣ се зина боло рафт
“Тоҷиконро дар Русия озор медод”. Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони сӯйиқасд ба ҳамватанонаш
Боз як тағйирот дар Ҳизби демократи Тоҷикистон. Ба ҷои Аҳмадшоҳ Комилзода муовини нав интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста