Ба назар мерасад, ки бархе аз дастурҳои шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки барои рафъи камбудҳо, рушди пойтахт ва беҳтар кардани вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинони Душанбе содир мешаванд, ба таври бояду шояд иҷро намешавад.
Коршиносон сабаби инро ба эътибор нагирифтани вазъияти мавҷуд ҳангоми қабули қарор ва бемасъулиятии сохторҳои марбута медонанд.
То ҳол “такси”-ҳои минтақаҳо ба Душанбе ворид мешаванд
Моҳи декабри соли 2020 шаҳрдории Душанбе қарор қабул намуд, ки тибқи он аз моҳи январи соли 2021 вуруди нақлиёти мусофиркашонӣ аз гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат ба Душанбе маҳдуд мешавад.
Ин қарор “бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда ва хатҳои сайри дохилишаҳрӣ, коҳиш додани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт” қабул шуда буд.
Ронандагони уҳдадор шуда буданд, ки мусофирони худро дар терминали “Шарқ транс”, воқеъ дар баромадгоҳи шарқии Душанбе ба сӯйи шаҳри Ваҳдат аз автомашина пиёда кунанд ва мусофирон аз хизматрасонии нақлиёти шаҳргард истифода баранд.
Вале тавре мушоҳида мешавад, то ҳол ниме аз мусофиркашонҳои ин минтақаҳо дар дохили шаҳр мусофир мегиранд ва мусофиронро ҳам то ҷойи заруришон дар дохили шаҳр бурда мерасонанд. Масалан, то ба ҳол “такси”-ҳои Ваҳдат, Файзобод ва Роғун аз минтақаи маъруфи “Садбарг” ва чорроҳаи назди идораи Роҳи Оҳан мусофир мегиранд ва мусофиронро то ин минатқа оварда пиёда мекунанд.
Ҳамин тариқ, то ба ҳол ронандагони самти шаҳри Кӯлоб ва навоҳии гирду атрофи он шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон, аз маҳалли 46 –ум, гирду атрофи биноҳои истиқоматии назди бозори “Саховат” ва маҳаллаи маъруф ба “Автосентр” низ мусофир мегиранд.
Ҳамчунин таксиҳои самти ноҳияи Ҳисор аз маҳаллаи 33, аз мавзеъи муқобили идораи БДА (маҳаллаи масум ба ГАИ) низ ба мусофиркашонӣ оғоз мекунанду, дардисарҳое барои сокинону роҳгузарон ва ҳаракати нақлиёт эҷод мекунанд.
“Барзиёд мусофир нагиред!”. То ҳол ин мушкил ҳал нашудааст
Қарори дигар-барзиёд савор кардани мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт. То ба ҳол ин мушкил ҳалли худро наёфтааст ва мусофиркашонҳои Душанбе ҳамоно аз меъёр зиёд мусофир мегиранд.
Ҳанӯз соли 2018 вақте, бо қарори Рустами Эмомалӣ ба нархи роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе тағйирот ворид гардид, баҳси барзиёд гирифтани мусофирон дар нақлиётҳои мусофирбарии пойтахт оғоз шуд.
Он замон роҳбари КВД «Душанбенақлиётхадамотрасон» Фирдавси Саидзода ба “Азия плюс” гуфта буд, ки “тарифҳои нав бо хадамоти зиддиинҳисорӣ ва ширкатҳои машғул ба мусофирбарӣ мувофиқа шуда, ширкатҳо уҳдадор шуданд, ки минбаъд автомашина танҳо дар истгоҳҳо нигоҳ дошта шуда, мусофирон низ фақат аз рӯи шумори ҷойҳои нишаст гирифта мешаванд». Билохира нархи роҳкиро қиммат шуд, вале то ба ҳол мушкили барзиёд гирифтани мусофирон, ҳатто дар ин давраи пандемияи коронавирус, ҳалли худро наёфт. Он вақт нархи роҳкиро то нимаи роҳ 80 дирам ва то ба охир 1,6 дирам буд. Сабаби як нарх намуданро ба он рабт доданд ки дигар ронандагон аз ҷои муайяншудаи нақлиёт мусофири зиёдатӣ намегиранд. Вале ин тавр нашуд.
Баъди ин, мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирии барзиёд гирифтани мусофирон рейди густурдаро оғоз намуданд. Соли 2019 Раёсати ВКД дар Душанбе гуфт, ки барзиёд савор кардани мусофир – бештарин қонуншиканӣ дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт аст ва онҳо дар як ҳафта 1292 нафар ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ (маршруткаҳо)-ро барои ин кирдор ҷарима кардаанд.
Дар шуъбаи нақлиёти мақомоти шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки рейдҳо мувофиқи қарори шаҳрдорӣ гузаронида шуда, ба нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла маршруткаҳо гирифтани мусофирон аз меъёр зиёд (яъне ростистода) манъ аст.
- Дар қарори шаҳрдорӣ аз 15 декабри соли 2018 тарифҳои амалкунанда бо назардошти ҷойҳои нишаст тасдиқ шуда буданд. Он замон ширкатҳои машғули мусофиркашонӣ уҳдадор шуда буданд, ки воситаи нақлиётро танҳо дар истгоҳҳо нигоҳ дошта, ҳамчунин танҳо мувофиқи шумори ҷойҳои нишаст мусофир мегиранд. Аз ин рӯ, ҳеҷ гуна тарифҳои дигар баррасӣ нашуда истодааст”, - хабар дода буданд дар ин шуъба.
Охирин хабар дар мавриди барзиёд нагирифтани мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт, чанд рӯз пеш дар ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 садо дод.
Муовини шаҳрдори Душанбе, Мавсума Муинӣ дар як ҷаласа аз сардори милитсияи пойтахт генерал-лейтенант Шариф Назарзода хост, ки барзиёд савор шудани одамон дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ пешгирӣ карда шавад, то вазъи бе ин ҳам бади эпидеомолгӣ баддтар нагардад.
Тавре маълум гардид, чунин дастур на якбор балки чанд маротиба садо дода буд, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки ба монанди қарорҳо ва дастуроти пешин, ин ҳам амалӣ нагардид.
Сабаби инро коршиносон аз кам будани шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе медонанд.
Дар хонаи шумо қуттии почта гузошта шудааст?
Қарори дигар, ки то ба ҳол пурра иҷро нашудааст ва ё ҷомеа шоҳиди он нагардидааст, ин гузоштани қуттиҳои почта дар хонаҳои сокинони шаҳр аст. Ин қуттиҳо бояд, дар ҷойҳое, ки онҳо пештар вуҷуд доштанду сипас канда шуданд, аз ҳисоби худи сокинон насб карда мешуд. Бо вуҷуди он ки гузоришҳо дар мавриди насби чунин қуттиҳо дар телевизионҳо нашр мешавад, вале он ба таври густурда иҷро нашудааст.
Танзими нархи маҳсулот, мушкиле, ки ҳалношуданист
Қарори дигар, ки ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо ба имзо мерасад, вале иҷро шудани онро ҷомеа шоҳид нест, ин танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳо мебошад.
Қариб ҳамасола Рустами Эмомалӣ барои фаровонии бозор ва пешгирии болоравии нарх ба масъулин дастур медиҳад, вале ҷомеа баръакси онро мебинад. Ҳамасола, сокинон аз масъулин танзими нарху маҳсулотро дар бозор талаб мекунанд, вале тавре мебинем бо вуҷуди қабули қарорҳо ва ташкили якрмаркаву дигар чорабиниҳо нархи маҳсулот поин намешавад ва ҳамоно дар ҳоли болоравӣ аст.
Сабаб: Бемасъулиятӣ ва кадрҳои аз соҳа дур
Коршиносон ва соҳибназарон омилҳои иҷро нашудани баъзе дастурҳои шаҳрдориро гуногун арзёбӣ мекунанд. Ҳангоми қабули қарор ба назар нагирифтани вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва бемасъулиятии масъулни дахлдор дар иҷрои вазифаашон аз омилҳое аст, ки коршиносон ном мебаранд.
Яке аз вакилони собиқи шаҳрӣ ва узви комисияи роҳу нақлиёт дар маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки нахост номаш бурда шавад, зимни суҳбат бо мо гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии иҷро нашудани бархе дастурҳои шаҳрдорӣ ин бемасъулиятии масъулини сохторҳои марбута дар иҷрои қарорҳо ва беназорат мондани соҳаҳои марбут аст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин мушкилот ва бемасъулиятии кормандони поёниро худи роҳбарият намедонад ва ба ин восита онҳо ба чашми онҳо хок мепошад.
- Ҳисоботи бардурӯғ менависанд, ки мо фалон корро иҷро кардем, инаш дар марҳалаи иҷрошавӣ аст,-гуфт ин ҳамсуҳбати мо.
Ӯ ба таври мисол гуфт, ки бархе кормандони БДА ба ҷойи пешгирӣ кардан аз нақлиёте, ки бояд ба Душанбе ворид нашаванд, баръакс аз онҳо пора гирифта, кӯшиши назорат намудани наклиёти мусофиркаши дохилӣ ва ҳатто автобусҳоро мекунанд.
- Ҳатто барзиёд гирифтани мусофиронро ҳам мешавад танзим кард. Вале боз ҳамон бархе кормандони БДА аз ин ронандагон маблағи муайян гирифта, онҳоро иҷозат медиҳанд, ки чӣ қадаре хоҳанд, мусофир гиранд,-гуфт собиқ вакили шаҳрӣ.
Ӯ дар идома дар масъалаи танзими нарху навои бозор гуфт, ки ин мушкилот маъмулӣ аст ва пеши роҳи онро гирифтан кори мушкил аст.
- Ин бозори иқтисодӣ аст. Вақте Душанбе худаш истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниёзи аввалия нест, ин мушкилот ҳаст. Маҳсулот аз чанд даст гузашта, баъд ба бозор роҳ меёбад. Масалан, агар помидорро аз деҳқон 1 сомонӣ гиранд, то Душанбе 5 сомонӣ меафтад,- хулоса кард ин ҳамсуҳбати мо.
Бархе вакилони собиқи шаҳрдорӣ, ки тайи чанд сол вазъро дар Душанбе назорат меркаданд, мушкили аслии иҷро нашудани баъзе қарорҳо сатҳи пасти кадрҳо ва аз соҳа дур будани онҳо медонанд.
Вакили пешини маҷлиси Душанбе, Баҳодур Раззоқов ин андешаро ҷонибдорӣ кард ва гуфт, ки дар ин сурат система дуруст кор намекунад.
- Ҳамаи қарорҳои мо заминаи ҳуқуқӣ дорад, хуб таҳия шудаанд, ҳатто барои иҷрои қарор баъзеашон тавсия доранд, вале дар амал иҷро намешаванд. Ё агар иҷро ҳам шавад, ба мазмуни қарор мувофиқат намекунад. Яъне проблема ва мушкилот дар татбиқи меъёри ҳуқуқии қарор вобаста аст. Ҳатто наметавонанд, ки алгоритми дурусти фаъолияти хатсайррҳоро дар шаҳр созмон диҳанд. Ин кори мушкиле нест, мутахассисони хуб дорем ҳисобу китоб кунанд, худаш мебарояд,-гуфт Б. Раззоқов.
Иҷро нашудани ин дастуру қарорҳои Рустами Эмомалӣ дар ҳолест, ки бархе сокинони минтақаҳои дигари Тоҷикистон, ҳанӯз замоне, ки шаҳрдори Душанбе раиси Маҷлиси миллӣ набуд, барои ҳалли мушкилоташон ба ӯ муроҷиат мекарданд.
Он замон гуфта мешуд, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки, шаҳрдори Душанбе фарзанди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аст, масъулин дар иҷро кардани дастуру супоришҳои ӯ, кӯтоҳӣ нахоҳанд кард. Аммо дида шуд, ки бархе аз қарорҳои шаҳрдорӣ, ки аз сӯйи сокинон хуш истиқбол шуда буданд, иҷро нашудаанду мушкил ҳамоно боқист.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Баъди 11 сол. Боз марзи Тоҷикистону Афғонистонро ба хотир оварданд
Писар ба ҷои падар. Мавъизаи писари муфтии Тоҷикистон дар бораи вазъи муҳоҷирон ва масъалаҳои динӣ
Аз Сомониён то Сиёвушгирд. Дар Дарвозу Шуғнон чанд деҳаи нав “ташкил” шуд
Вазири фарҳанг ваъда дод, Вазорати тандурустӣ роҳпулӣ ҷудо кард, вале ҳанӯз маблағи табобати Нозим Меликов ҷамъ нашудааст
Як мард дар Хуросон барои шиканҷаи ҳамсару кӯдакаш 8 сол зиндонӣ шуд
Даромад аз кӯҳу пушта! Бузургтарин боғи чормағз дар куҷо ва чӣ гуна бунёд шуд?
Хатсайри нави Душанбе – Риёз. Роҳандозии ин хатсайр дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Холид Ал-Фолиҳ баррасӣ шуд
Ҷудокорзани тоҷик ба медали тиллои Ҷоми Осиё дар Гонконг соҳиб шуд
“Ба мусофирон хӯрок диҳед!” Талаби Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон аз ширкатҳои русӣ
“На дар ҳама ҷо”. Сокинони Душанбе то куҷо худро амн ҳис мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста