Табибони Амороти Муттаҳидаи Араб дар маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и Душанбе кӯдакони дорои нуқсони дилро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Ҷарроҳӣ рӯзи 23-юми октябри имсол оғоз гардида, то 2 ноябр идома хоҳад кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз маҷмааи тандурустии «Истиқлол» иттилоъ доданд.
Манбаъ гуфт, барои ҷарроҳии кӯдакони тоҷик беш аз 30 табиб ба Тоҷикистон омадаанд, ки танҳо дирӯз, 24 октябр 12 кӯдакро ҷарроҳӣ намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз роҳандозӣ намудани иқдоми мазкур дастгирӣ ва кумак намудан ба оилаҳои камбизоатест, ки кӯдакони гирифтори бемориҳои нуқсони дили модарзодӣ доранд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки наврасони то 18-сола, ки нуқсони модарзодии дил доранд, метавонанд бо маълумотномаи камбизоатӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат муроҷиат кунанд.
Ин кӯдакон қаблан бояд дар Вазорати тандурустӣ ба қайд гирифта шуда, рӯйхати онҳо ба табибон супорида мешавад.
- Дар Вазорати тандурустӣ кӯдакон номнавис гардида, аз ташхиси табибон мегузаранд. Онҳоро ташхиси компютерии дил мегузаронанд, маълум мегардад, ки ин кӯдакон бемор ҳастанд ва оё ба ҷарроҳӣ эҳтиёҷ доранд ё на, – шарҳ доданд аз Вазорати тандурустӣ.
Дар Вазорати тандурустӣ ҳамчунин илова намуданд, ки дар ҷараёни гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил мутахассисони варзидаи тоҷик низ иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки тобистони соли равон низ аз 12 то 19 июл табибони Амороти Муттаҳидаи Араб дар беморхонаи «Истиқлол» кӯдакони дорои нуқсони дилро ройгон ҷарроҳӣ намуда буданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста