Дар ҳоле, ки тоҷирон аз камхаридор шудани молу маҳсулот ва харидорон аз гаронии маҳсулот шикоят мекунанд, як фурӯшандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд гӯшаи “Хайриявӣ ба муҳтоҷон”-ро созмон дод.
Ин гӯшаи хайриявиро Бахтиёр Нуриддинов як тоҷири навкори 30-сола дар назди дӯконаш ташкил кард ва ҳамарӯза қисме аз меваҷоту сабзавотро ба эҳтиёҷмандон хайр мекунад.
Бахтиёр аз деҳаи Қалъачаи Арбоби ноҳияи Деваштич аст ва ҳамагӣ як ҳафта мешавад дар бозори Панҷшанбе барои худ дӯкон гирифт. Ин фурӯшанда дар гӯшае, ки ташкил кардааст, ба ниёзмандон пиёз, сабзиву шалғам, себу анор ва дигар анвои сабзавоту меваҷоти ройгон медиҳад.
“Дар ин дӯкон ду кас кор мекунем, аз се ҳиссаи фоида, як ҳиссаи фоидаро ман, ҳиссаи дигарро ҳамроҳам ва ҳиссаи сеюмро дар роҳи хайр сарф мекунем. Аз ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ, ки савдо мекунем, кам-кам дар ин гӯша мегузорем. Одамоне, ки шароити вазнини зиндагӣ доранд ройгон гирифта мераванд”, - мегӯяд ӯ.
Гардиши тиҷорати ин фурӯшанда зиёд нест, ҳамагӣ 10 ҳазор сомонӣ аст, ки эҳтимол барои харидани 2 тонна маҳсулоти кишоварзӣ басанда аст. Вале ба гуфтаи Бахтиёр Нуриддинов, вақте тиҷораташро на дар деҳа, балки дар шаҳр оғоз кард, одамони зиёди муҳтоҷро мушоҳида кард. Вай мегӯяд, дар гузашта азоби рӯзҳои сахти кор дар ошхонаву сохтмонро чашидааст ва рӯзгори одамони муҳтоҷро хуб эҳсос мекунад, ки дар чӣ шароити сахте ба сар мебаранд.
“Бисёр одамонеро мебинем, ки дар шароити вазнин зиндагӣ доранд. Бахусус дар шаҳр ҳолатҳое мешавад, ки онҳо наметавонанд як бурида нон ёбанд. Кор карда наметавонанд, бешавҳар ё кӯдакони хурдсол доранд, ки ба кӯмак ниёз доранд. Шароит надоранд, ки як кило картошка, пиёз ё себ харанд. Аз дастам меояд, ба ин гуна одамон кӯмак мекунам”- бовармандона мегӯяд ӯ.
Ҳоло нархи маҳсулоти кишоварзӣ то ҷойе назар ба чанд моҳи пеш дар бозор арзонтар шудааст. Дар дӯкони ин фурӯшанда як килои себ 6-7 сомонӣ, карам - 2,5 сомонӣ, пиёз - 2, картошка - 3,5, шалғам - 2 ва сабзӣ - 2 сомонӣ аст. Аммо мардум аз он шикоят доранд, ки ба далели бемории ҳамагир ва баста шудани роҳҳо, то як соли ахир нархи аксар маҳсулот дар бозор боло рафта, ба иқтисоди хонаводаҳо бетаъсир намонд.
Бахтиёр Нуриддинов мегӯяд, гоҳо одамонеро мебинад, ки барои харидории як кило маҳсулоти кишоварзӣ низ шароит надоранд.
“Баъзе муҳтоҷон рақамҳои телефонашонро мегузоранд, мо занг зада, даъват мекунем ва чизе, ки барояшон зарур аст, медиҳем. Ин кори хайри мо танҳо барои одамоне, ки шароити харидории чунин маҳсулотро надоранд, нигаронида шудааст”.
Оғози соли ҷорӣ низ дар шаҳри Хуҷанд як хонаводаи бознишаста аз ҳисоби пули нафақаи худ ба оилаҳои мӯҳтоҷу камбизоат нони бепул тақсим кард ва сари чанд вақт идома ёфта, ҳаводорони зиёдеро пайдо карда буд. Бисоҷида ва Раҳматулло Ғиёсовҳо ин ду бознишастаи 67-70-сола дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки яке 600 сомонӣ ва дувумӣ каме зиёдтар нафақа мегиранд ва нони ройгон аз нӯги он ҳамчун хайрот ба камбизоатону муҳтоҷон дода мешавад.
Маҳсулоти фурӯшии Бахтиёр Нуриддинов ҳам дар гардиши тиҷоратияш зиёд нест, вале мегӯяд, ҳамарӯза шаш қуттӣ анвои меваҷоту сабзавотро барои муҳтоҷон ҷудо мекунад.
Ин фурӯшанда мегӯяд, додани сабзиву картошка, себу анор ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзии фурӯшияш кори якрӯза нест, балки идома мекунад. “Ҳамин рӯз, ки мо ба кор баромадем, ин гӯша ҳаст. Вале набаромадем, ин гӯша нест. Мо ҳаракат мекунем, ки ҳамавақт ин гӯшаи мо истад”.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои фақири Шӯравии пешин ва Осиёи Марказист, ки расман сатҳи фақр ё камбизоатиро моҳи августи соли 2021 вазири иқтисод ва рушди савдо 26 дар сад эълон кард.
Вале Бонки Ҷаҳонӣ соли гузашта гузориш дода буд, ки Тоҷикистон дар тӯли ду даҳсолаи охир суръати заифтарини иқтисодро аз сар мегузаронад ва интизор меравад суръати коҳиши фақр низ суст шавад.
Ҳоло бино ба додаҳои Бонки Ҷаҳонӣ, сатҳи фақр дар вилояти Суғд 17,5 дарсад, дар Хатлон - 32,7 дарсад, ноҳияҳои тобеи марказ - 33,2 дарсад, ВМКБ - 27,7 дарсад ва дар шаҳри Душанбе - 23,5 дарсад аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боздошти як сокини Хуҷанд барои ворид кардани “хлопушка” аз Қирғизистон
Содироти барқ аз Тоҷикистон дар моҳи ноябр 10,5% афзуд
“Акнун аз болои панҷара мегузаранд”. Дар Душанбе 17 гузаргоҳ барои пиёдагардонро барҳам доданд
"Хӯрок бомазза, касе намегурезад, аммо ба кӣ шикоят карданро намедонем". Ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон то куҷо риоя мешавад?
Коршиносони Русия хавфу хатарҳои асосиро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян карданд
Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 маълум шуданд
Шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт, ки 2 рӯз баста буд, боз шудааст
Дар Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои дастрас ба кор оғоз карданд
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи “Russian Judo Tour” бо ду медал баргаштанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста