Вазорати Тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шумораи аҳолии вокнсиншуда дар Тоҷикистон ба марзи 4 миллион наздик мешавад.
Бино ба иттилои ин ниҳод то 10 декабр дар ҳудуди Тоҷикистон 3 млн 222 ҳазору 924 нафар (55,3%) шаҳрвандони кишвар алайҳи коронавирус воксин зада шудаанд.
Дафтари маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ дар як хабарнома гуфтааст, ки вояи дуюми воксинаро низ то имрӯз 2 млн 677 ҳазору 138 (45,9%) нафар задаанд.
Дар Тоҷикистон, дар маҷмӯъ бояд 5млн 826 ҳазору 301 нафар бо ваксина фаро гирифта шаванд. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ дар Душанбе маъракаи воксинзанӣ комилан иҷро шудааст.
Вазорати тандурустӣ омори аҳолии воксиншуда дар минтақаҳои дигари кишварро ин гуна пешниҳод кардааст:
ВМКБ. Бояд дар маҷмуъ 164736 нафар воксин зада шавад, ки аз ин 111173 (вояи аввал) ва 108337 (вояи дувум)-ро аллакай задаанд. Дар Хоруғ тақрибан нақшаи воксинзанӣ 100% иҷро шудааст.
Ноҳияҳои теби марказ. Бояд 1266775 нафар воксин бизананд. Вояи якумро 576337 (45,5%) ва вояи дуввумро 495631 (39,1%) нафар задаанд.
Вилояти Хатлон. Бояд дар маҷмуъ 2045724 нафар воксин зада шаванд, ки 1066432 (52,1%) нафар вояи якум ва 828709 (40,5%) вояи дувумро гирифтаанд.
Вилояти Суғд. Бояд дар маҷмуъ 1723160 нафар воксин бизананд, ки вояи аввали ваксинаро 837376 (48,6%) ва дуввумро 618627 (35,9%) нафар задаанд.
Дар Тоҷикистон воксин задан барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмист. Вазорат мегӯяд, ки ҳар касе, ки то кунун воксин назадааст, бояд ба табибони оилавии маҳали зисташон муроҷиат кунанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон барои воксин задани шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V" (истеҳсоли Русия), CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо), Moderna ва Pfaizer (ИМА).
Дар ҳамин ҳол, давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавнируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Қобилияти хариди аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли охир чӣ қадар тағйир ёфтааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 январи соли 2025
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста