Боғи фарҳангии маркази ноҳияи Файзобод ба номи шоири хушном ва шаҳири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд. Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” хабар медиҳад.
Кароматулло Соҳибназаров мудири бахши фарҳанги ноҳияи Файзобод гуфтааст, ки соли 2022 дар ин боғ нимпайкараи шоир гузошта мешавад.
Бозор Собир яке аз пурбаҳстарин шоир ва шахсияти фарҳангии поёни Шӯӯравӣ ва даврони истиқлоли Тоҷикистони буд.
Ӯ дар солҳои поёнии Шӯравӣ ба ҳаракатҳои озодигароиву миллихоҳӣ пайваст ва яке аз чеҳраҳои хушноми созмони мардумии “Растохез” ва ҳизби демкорати Тоҷикистон буд. Баъди Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олӣ ва ба қудрат расидани ҳукумати нав барои чанд муддате зиндонӣ шуд ва зери таъсири фишори созмонҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои ҳамсоя аз зиндон раҳо шуд.
Баъди раҳоӣ аз зиндон ибтидо ба Маскав ва сипас ба Амрико ҳиҷрат кард.
Баъди муҳоҷират дар Амрико Бозор Собир бо навиштани шеърҳо ва мақолаҳои хеле интиқодӣ ба яке аз чеҳраҳои пурбаҳси матбуот табдил шуд. Ҳамчун Бозор Собир амалкардҳои ҳукуматро ҳамеша дар расонаҳо ба боди интиқод мекашид.
Дар соли 2013 баъди солҳои дарози муҳоҷират ҳукумати Тоҷикистон Бозор Собирро ба Тоҷикистон баргардонид ва раисҷумҳур Эмомалӣ раҳмон ба таври вижа ӯро дар Қасри миллат истиқбол кард.
Бозор Собир соли 2018 дар Амрико баъди як ҷарроҳӣ даргузашт ва ҷасади ӯро ба Тоҷикистон оварданду дар оромгоҳи сеҳраҳои сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон – Лучоб ба хок супурда шуд.
Маводи “Азия - Плюс”-ро бо номи “Бозор Собир ҳукуматро дар худ гунҷонда буд”, ки як соле пеш нашр шуда буд, дар инҷо хонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Пурсиши Мусо”
Таътили зимистона дар мактабҳои Тоҷикистон як ҳафта давом мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 декабри соли 2024
Дар чор соли охир ИМА 825 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва 88 нафари онҳоро ихроҷ кардааст
Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ҳам номзадҳояшро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард. Онҳо чанд нафар ва киҳо ҳастанд?
Вазорати маориф: Дар Тоҷикистон ҷашнҳои солинавӣ дар макотиби олӣ, миёна ва кӯдакистонҳо манъ аст
Боздошти як сокини Хуҷанд барои ворид кардани “хлопушка” аз Қирғизистон
Содироти барқ аз Тоҷикистон дар моҳи ноябр 10,5% афзуд
“Акнун аз болои панҷара мегузаранд”. Дар Душанбе 17 гузаргоҳ барои пиёдагардонро барҳам доданд
"Хӯрок бомазза, касе намегурезад, аммо ба кӣ шикоят карданро намедонем". Ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон то куҷо риоя мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста