Акнун тоҷикистониён бо арзу шикоят ё пешниҳодҳои худ метавонанд бевосита ба вазири нақлиёти ҷумҳурӣ муроҷиат кунанд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки вазири нақлиёти Тоҷикистон барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон телефони боварӣ ва почтаи электронӣ кушод.
“Шаҳрвандон метавонанд бо телефони боварии 221-17-13 ва почтаи электронии: [email protected] ба вазири нақлиёт муроҷиат намоянд”, - зикр мешавад дар хабари Вазорати нақлиёт.
Хабарнигори “Азия-Плюс” ба ин телефон занг зад, то ки бовар ҳосил кунад, ки он кор мекунад ё не. Гӯширо ҷавонзане бардошта,бипурсид: “Гӯш мекунем, ба вазири нақлиёт чӣ арзу шикоят ё пешниҳоде доред?”.
Хабарнигор аз сифати хидматрасонӣ дар нақлиёти пойтахт шикоят кард ва зан чунин посух дод: “Мо дар бораи сифати кори нақлиёти ҷамъиятӣ шикоят қабул намекунем, бо ин масъала шумо метавонед ба шаҳрдорӣӣ бо рақами телефони 221-53-24 муроҷиат кунед”.
Рӯзноманигор пурсид, ки пас онҳо чӣ гуна арзу шикоятҳоро қабул мекунанд.
“Мо арзу шикоятҳои марбут ба сифати роҳҳои кишварро баррасӣ мекунем. Шаҳрвандон метавонанд ба мо хабар диҳанд, ки кадом роҳҳо ба таъмиру кадом ба асфалтпӯш кардан эҳтиёҷ доранд. Ҳамчунин шаҳрвандон метавонанд ба мо дар бораи фаромадани тарма ё дигар ҳодисаҳо дар роҳҳо, ки ба баста шудани ҳаракати нақлиёт боис шуданд, хабар диҳанд”, - гуфтанд тариқи ин телефон.
Ҳамчунин зикр шуд, ки пас аз қабули маълуомт дар бораи баста шудани роҳҳо, вазорат ба он ҷо барои рафъи мушкилот гурӯҳи фавриро сафарбар мекунад.
“Баъди чанде мо бо шаҳрвандон дар тамос шуда, таваҷҷуҳ мекунем, ки оё мушкилот бартараф шуд ё не”, - изҳор доштанд дар Вазорати нақлиёт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.