Давоми як шабонарӯз (22-23 январ) тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 26 нафар зиёд шудааст.
Гуфта мешавад, теъдоди умумии сироятёфтагон дар кишвар аз оғози пандемия ба 17 ҳазору 180 нафар расид.
Шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия 124 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 16 ҳазору 971 нафар ё худ 98,9%-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пӯшидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шустани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.
То санаи 20 январи соли равон беш аз 4 млн 355 ҳазору 582 нафар (75,6%) шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида дар ҳудуди мамлакат 3 млн 636 ҳазору 802 нафар (63,1%) шаҳрвандон гирифтаанд. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар зарур аст.
Бо назардошти дар саросари дунё зуҳур намудани штамии нави коронавирус - “омикрон”, ки аллакай дар кишварҳои ҳамсоя расман сабт шудааст, мақомоти Тоҷикистон ба бозэмкунӣ ё реваксинатсияи аҳолӣ шурӯъ намуданд.
Дар Тоҷикистон барои эмкунии аҳолӣ аз сирояти коронавирус аз 5 навъи ваксинаҳо истифода мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Спутник V.
Қаблан дар як маводи “Азия-Плюс” зикр шуд, ки аз охири моҳи декабри соли гузашта дар саросари Тоҷикистон як зуком (грипп)-и аҷиб паҳн мешавад, дар озмоишгоҳҳо даҳҳо ҳолати коронавирус ошкор шуда, табибон дар бораи аломатҳои штамми “Омикрон” ҳарф мезананд, лекин Вазорати тандурустӣ мавҷудияти вирусро дар кишвар рад мекунад.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи гирифтор шуданашон ба сирояти коронавирус ва натиҷаи мусбат нишон додани тесташон маълумот медиҳанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста