Дар робита ба вазъият дар Украина чанде аз парвозҳо ба баъзе шаҳрҳои Русия боздошта шуданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агении авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон.
“Тавре ки огаҳед, бо қарори Росавиатсия фаъолияти 12 фурудгоҳ дар наздикии сарҳад бо Украина муваққатан боздошта шуд. Аз Тоҷикистон ба сето аз ин фурудгоҳҳо дар шаҳрҳои Краснодар, Ростови лаби Дон ва Воронеж парвозҳо анҷом дода мешуд”, - гуфтанд дар Агентӣ.
Ба гуфтаи манбаъ, хатсайрҳое, ки ба шаҳрҳои зикршуда ба нақша гирифта шудааст, шояд ба фурудгоҳҳои наздики ин шаҳрҳои Русия сурат бигирад.
“Ин тадбирҳои муваққатӣ то 2 март идома ёфта, минбаъд ба вазъият вобаста хоҳад буд. Ҳамаи ин тадбирҳо баҳри таъмини бехатарии парвозҳо ва амнияти мусофирон рӯйи даст гирифта мешавад”, - изҳор доштанд дар Агентӣ.
Дар яке аз нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймо дар Душанбе ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки дарвоқеъ ҳам парвоз бо чанде аз хатсайрҳоро боздошта, ба мусофироне, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, ивази билетҳо ба рӯзи дигарро пешниҳод мекунанд ё пулашонро бармегардонанд.
“Фурӯши билетҳо ба смати Краснодар, Воронеж ва Ростови лаби Дон муваққатан то 2 март боздошта шуд. Ба мусофироне, ки то боздошти парвозҳо билет гирифта буданд, ивази он ба рӯзи дигарро пешниҳод мекунем ё пулашонро бармегардонем”, - гуфтанд дар ин нуқтаи фурӯш.
Намояндагони ширкати ҳавопаймоии S7-и Русия, ки бо хатсайри Хуҷанд - Воронеж парвозҳо анҷом медиҳад, ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки рӯзи 2 март иҷрои ду парвозро ба Воронеж ба нақша гирифтаанд.
“Бароямон ҳоло маълум нест, ки рӯзи 2 март ба парвозҳои пешбинишуда иҷоза медиҳанд ё не. Моро дар бораи мутаваққиф намудани онҳо огоҳ накардаанд ва билетҳо ҳоло дар фурӯшанд”, - иброз доштанд дар ширкат.
Ёдрас мекунем, ки дар робита ба шиддат гирифтани вазъият дар атрофи Украина кори баъзе фурудгоҳҳо дар ҷануби Русия муваққтан боздошта шуд.
Тибқи маълумоти Росавиатсия, маҳдудиятҳо то соати 03:45 (вақти Маскав)-и 2 марти соли 2022 амал мекунанд. Ҳамагӣ фаъолияти 12 фурудгоҳи зерини Русия муваққатан боздошта шудааст: Ростов (Платов), Краснодар (Пашковский), Анапа (Витязево), Геленжик, Элиста, Ставропол, Белгород, Брянск, Орел, Курск, Воронеж, Симферопол.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста