Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон вохӯрии муовии вазири ин ниҳод Шаҳноза Нодирӣ бо роҳбари ширкати атриёти “Jizan Perfumes LLC”-Дубай Маҳмуд Роҳпаймо доир гардид.
Тавре ки дафтари матбуоти Вазорат хабар медиҳад, зимни мулоқот масъалаи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба ширкати мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки ширкати атриётӣ бо ширкатҳои маъруфи атриёти ҷаҳон ҳамкорӣ намуда, дар он шаҳрвандони миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон кор мекунанд ва роҳбарияти ширкат аз фаъолияти тоҷикон қаноатманд буда, омодаи ҷалби бештари кормандон аз Тоҷикистон мебошад.
“Айни замон тасмим гирифта шудааст, ки то 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба сифати ёрдамчии фурӯшанда ва корманди анбор ба ширкати номбурда сафарбар карда шаванд, - омадааст дар хабар. - Яке аз талаботи асосӣ донистани забони англисӣ мебошад”.
Гуфта мешавад, ичунин, зимни мулоқот тамоми масъалаҳо, аз ҷумла шарту шароити корӣ ва будубоши онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар фарҷом тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати сафарбар намудани довталабон ба Аморати Муттаҳидаи Араб байни ширкати мазкур ва МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.