Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мақомоти маҳаллиро дар иҷро накардани барномаи таҳслоти томактабӣ мавриди интиқод қарор дод. Дар ин бора дар мушовараи Вазорат оид ба натиҷагирӣ аз фаъолият дар нимсолаи аввал сухан рафт.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, зикр шуд, ки дар 6 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 10 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе (3 адад), Исфара, Панҷакент, Конибодом, Хуҷанд, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Файзобод 1 ададӣ ба истифода дода шуда, мутаассифона, дар дигар шаҳру ноҳияҳо ягон муассиса бунёд нагардидааст.
Дар Вазорат бар ин назаранд, ки яке аз мушкилоти мавҷуда дар ин самт, ба таври зарурӣ иҷро нагардидани қарори ҳукумат “Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар ҶТ барои солҳои 2020-2025“ мебошад. Дар асоси Барнома ҳар сол бояд 100 муассисаи томактабӣ (кӯдакистону боғчаҳо) ва дар се сол 300 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода мешуд.
Гуфта мешавад, дар дуюним соли амалишавии Барнома аз 68 шаҳру ноҳия дар 24 шаҳру ноҳия муассисаи томактабӣ сохта шудааст, ки иҷрои Барнома дар ним соли равон 12 % ва дар маҷмуъ, ба ҳисоби миёна 15,6 %-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи Стратегияи миллии рушди кишвар дар давраи то соли 2030, фарогирии кӯдакони синни аз 3 то 6-сола дар муассисаҳои томактабӣ дар ин сол бояд дар сатҳи 40% қарор гирад.
Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли гузашта сухангӯи Вазорати маориф Эҳсони Хушбахт дар шарҳи норасоии кӯдакистонҳо изҳор дошта буд, ки ин ҳолат бо сабаби маблағгузории нокофӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ба вуҷуд омадааст.
“Таҳлил нишон медиҳад, ки яке аз мушкилоти асосӣ - маблағгузории нокофӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин муносибати хунукназарона ба таҳсилоти томактабӣ аст”, - изҳор дошта буд ӯ он замон ба “Азия-Плюс”.
ЮНИСЕФ (Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид) низ чунин изҳори назар карда буд.
“Маблағгузории давлатӣ ба таҳсилоти томактабӣ ҳамагӣ 6% аз буҷети умумӣ ба соҳаи маориф ва 0,34% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро ташкил медиҳад”, - зикр шуда буд он замон дар гузориши онҳо.