Ду ниҳоди масъул дар робита ба биноҳои мушкилдор ё ба қавле “ҷанҷолӣ” дар Душанбе иттилои мухталифро пешниҳод мекунанд. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфт, чанд сол пеш 86 сохтмони “ҷанҷолӣ”-ро дар Душанбе шуморида буд. Вале шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дар пойтахт сохтмонҳои мушкилдор нест ва бунёди биноҳо тибқи нақша идома дорад.

Дирӯз, 21 июли соли равон вақте журналистон аз Муҳаммадсаид Зубайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон пурсиданд, ки дар Душанбе чанд бинои ҷанҷолӣ ва ё сохтмонаш тӯлкашида мавҷуд аст, натавонист омори мушаххасеро пешниҳод кунад.

Вале афзуд, ду-се сол пеш 86 адад бинои мушкилдорро дар пойтахт ҳисоб карда буданд.

- Чанд сол пеш, замоне, ки корро оғоз кардем (замоне, ки ба ҳайси роҳбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмон таъин шуд-шарҳи муаллиф) 46 бинои ҷанҷолиро дар Душанбе ҳисоб карда будем. Дертар, ду-се сол пеш таҳлил кардем, ки 86 адад бинои мушкилдор мавҷуд аст. Ҳоло намедонем, ки аз инҳо чандто мондааст. Аниқашро намеёбем. Рӯйхат мекунем, як моҳ пас мебинем, ки як сохтмони дигар мушкилдор мешавад. Вале ҳоло сохтмончиёни тасодуфӣ кам шудаанд. Чанд сол пештар муаллиму духтур ҳам сохтмончӣ буданд..., - изҳори норозигӣ кард раиси кумитаи сохтмон.

Дар ҳамин ҳол, аз шаҳрдории Душанбе гуфтанд, дар Душанбе сохтмонҳои мушкилдор ё ба истилоҳ ҷанҷолӣ дар пойтахт нест ва ҳамаи сохтмонҳо тибқи нақша идома доранд.

- Сохтмонҳое, ки мушкилӣ дорад дар шаҳр, умуман нест. Чанд сохтмоне, ки ҳастанд, тавассути раёсатҳои шаҳрдории Душанбе амалӣ гашта истодаанд, ягон мушкилӣ нест. Сари вақт сохта ба истифода дода мешаванд, - гуфт Ҷамшед Табарзода, муовини якуми шаҳрдории Душанбе, имрӯз, 22 июл дар нишасти матбуотӣ.

Ҷамшед Табарзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе
Сурат: Asia-Plus

Мушкили хонаҳои писари Бег Сабур ҳал нашудааст

Вақте журналистон аз ӯ пурсиданд, ки дар ҳоле чунин сохтмонҳо нест, паси чаро сохтмони бинои ба истилоҳ “эронӣ” дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ (наздикии Сирк) қатъ шуда, хонаҳое, ки ширкати сохтмонии “Комил 2010” месозад, пайваста санҷиш мешавад?

Дар посух Табарзода, мушкили сохтмони биноҳоро дар пойтахт эътироф кард, вале гуфт, сохтмони 3 бинои ба истилоҳ “эронӣ” мушкилӣ шаҳрдорӣ нест ва он проблемаи худи ширкати хонасоз аст.

Cурат: faraj.tj

Дар робита ба биноҳои ширкати “Комил 2010”, ки гуфта мешавад ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тааллуқ дорад, муовини якуми Рустами Эмомалӣ афзуд, дар ҳақиқат дар кори ин ширкат камбудиҳо ҳаст ва гурӯҳи корӣ барои рафъи онҳо талош дорад.

- Мо як маротиба бо пудратчӣ суҳбат кардем ва оиди ин масъала кор идома дорад. Ин камбудиҳо ҳатман бартараф мешаванд ва ин биноҳо ҳам дар доираи талаботи шаҳрдорӣ ба истифода дода мешавад. Гурӯҳи корӣ кор карда истодааст, - афзуд Табарзода.

Майдони яке аз сохтмонҳои пойтахт
Сурат: Asia-Plus

Муҳаммадсаид Зубайдзода, низ дар нишасти матбуотӣ мушкилот дар ширкати “Комил 2010” ва биноҳои нотамоми “эронӣ”-ро эътироф кард ва гуфт, дар робита ба бартараф намудани камбудиҳо дар ширкати “Комил 2010” комиссияи байниидоравӣ ташкил шудааст ва якҷоя кор карда истодаанд.

- Ин ҳам мисли дигар ширкатҳои мушкилдор, ҳисобро соз намекунанд, баъд дер мешавад, мардум сарсон мешаванд. Мо ба дахолат кардан ҳуқуқ надорем, на мо ва на шаҳрдорӣ, вале мо кӯшиш карда истодаем, ки мушкил ҳал шавад, - гуфт ӯ.

Номбурда идома наёфтани кор дар биноҳои “эронӣ”-ро мушкили молии роҳбарони ин ширкат маънидод кард ва гуфт, бо сабабҳои номаълум маблағи онҳо дар бонке дармондааст ва онҳо наметавонанд, ки онро бозпас гирифта, кори худро давом диҳанд.

- Соҳибмулки асосии ин биноҳо чанд сол пеш вафот кард. Ҳоло ҳамсараш мехоҳад, пулҳои онро аз бонк гирифта, корро идома диҳад, вале системаи бонк чунин сохта шудааст, ки то биноро насозад, маблағро гирифта наметавонанд. Мо кӯмак карда истодаем, вале ин ба мо вобаста нест, - таъкид намуд Зубайдзода.

Интиқоди шадиди раиси Кумитаи сохтмон аз ширкатҳои сохтмонӣ

Ӯ ҳамчунин, дар идома, аз кори ширкатҳои сохтмонӣ дар кишвар сахт интиқод кард ва гуфт, ки бештари онҳо дуруст кор намекунанд, баъди таъсиси ширкат, на ба кори сохтмонӣ, балки ба харидории мошин, техникаи беҳисоб ва сохтани офис машғул мешаванд.

- Даромаду хароҷотро дуруст ҳисоб намекунанд. Гунаҳкор худи соҳибкор аст, ки ду мутахассиси хуб намегирад, ки дуруст кор кунанд. Ҳар як тангаи харидорро гирифта ҳисоб бояд кард. Зарари асосӣ он аст, ки пули харидоронро ба манфиати шахсиашон сарф мекунанд. Завқ доранд, ки соҳиби ширкат шаванд, се чор мошин харанд, офис созанд ва се-чор ёрдамчӣ дошта бошанд. Баъд, сохтмон ним нашуда, мебинанд, ки бино нимкораву пул тамом шудааст, - интиқод кард Зубайдзода.
Муҳаммадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон
Сурат: Asia-Plus

Ӯ гуфт, ба наздикӣ онҳо стратегияи нави сохтмони биноҳоро дар Душанбе қабул карданд ва тибқи он, ширкате, ки камбудиҳои сохтмониро бартараф намекунад  ва ё як биноро сохта ба истифода намедиҳад, барои сохтмони дигар иҷозатномаи фаъолият намедиҳанд.

Рустами Эмомалӣ: Дар наздиктараин фурсат камбудиҳо бартараф шаванд

Баҳси будан ё набудани сохтмонҳои ҷанҷолӣ дар Душанбе дар ҳолест, ки аҳолӣ аз кори ширкатҳои сохтмонӣ дар кишвар ҳамеша интиқод мекунанд ва таъкид менамоянд, ки онҳо маблағи онҳоро мегиранд, вале хонаро дар вақти муайяншуда сохта ба истифода намедиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе низ дар як ҷаласа аз сохтмони иншоот дар пойтахт аз кори ширкатҳои сохтмонӣ изҳори норозигӣ карда, дастур дода буд, ки дар наздиктраин фурсат камбудиҳо дар ин самт бартараф карда шаванд.

Он замон маркази матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар дода буд, ки Рустами Эмомалӣ зикр кард, ки  солҳои ахир сохтмони манзил барои аҳолӣ зиёд шуда, дар баробари ин сифати сохтмонро беҳтар кардан лозим аст, то ки биноҳои сохташуда ба насли оянда муддати тӯлонӣ хидмат кунанд.

“Иншооту биноҳои шаҳр бояд бо усули замонавӣ ва бо дарназардошти санъати баланди меъморӣ, зебо ва бо сифати баланд бунёд карда шаванд, то ки ба наслҳои оянда садсолаҳо хизмат расонанд”, - таъкид дошта буд шаҳрдори Душанбе дар ҷаласа.

Ба гуфтаи раиси пойтхт, дар сохтмони манзил ширкатҳо меъёрҳоро риоя намекунанд ва дар ин робита, кори комиссияҳои қабули давлатии иншооту биноҳо беҳбудиро тақозо менамояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.