Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми нафақаи миёна дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1 сомониву 17 дирам зиёд шуда, 320,09 сомониро ташкил дод.
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ Дилмурод Давлатзода зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод, ки шумори нафақахӯрон дар ин давра 2,2% афзуда, то 1 июл ба 761 ҳазору 312 нафар расид.
"Барои пардохти нафақа давлат ҳар моҳ 253,3 млн сомонӣ маблағ ҷудо мекунад, ки 2,4% ё худ 5,9 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст", - изҳор дошт роҳбари Агентӣ.
Дар ҳамин ҳол, Дилмурод Давлатзода зикр кард, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба зиёни буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа кор мекунанд.
“Барои ҳар як коргар онҳо ҳар моҳ 10 сомонӣ мегузаронанд, ки нафақаи воқеӣ дар ин ҳолат 16 сомонӣ (1%-и маош ба фонди нафақа меравад) мешавад. Бо сабаби музди меҳнат нагирифтани саҳмиядорони хоҷагиҳо, роҳбарон барои ҳар кадоме аз онҳо ҳар моҳ 10 сомонӣ ба фонди нафақа мегузаронанд, лекин мо ҳуқуқ надорем, ки нафақаи онҳоро камтар аз 207 сомонӣ таъин кунем. Дар натиҷа ҳар як нафақахӯри хоҷагии фермерӣ ба буҷет ҳар моҳ 191 сомонӣ зарар меорад”, - шарҳ дод ӯ.
Бино ба маълумоти Агентӣ, айни замон ҳаҷми нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ тариқи зайл аст:
- дар Душанбе - 429, 15 сомонӣ;
- дар ВМКБ – 406,93 сомонӣ;,
- дар Хатлон - 313,19 сомонӣ;
- дар Суғд - 303,21 сомонӣ;
- дар Ноҳияҳои тобеи марказ - 299,57 сомонӣ.