Истифодабарандагони неруи барқ дар Тоҷикистон минбаъд пешакӣ аз қатъ шудаи интиқоли барқ тибқи нақша огоҳ карда мешаванд, хабар медиҳад ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ”.
Дар хабар мушаххасан гуфта намешавад, ки бо кадом тарз истифодабарандагон огоҳ карда мешаванд.
Дар пойтахт корхонаи “Обу корез” чунин таҷриба дорад ва ҳангоми қатъи интиқоли об ба ин ё он маҳаллаву микрорайонҳои Душанбе чунин огоҳӣ дар сомонаву саҳифаҳои иҷтимоии корхона ва шаҳрдорӣ нашр мешавад.
Баъзан (бисиёртар дар соли 2019) Шабакаҳои барқи Душанбе низ аз қатъи интиқоли барқ дар ин ё он мавзеи пойтахт хабар медод, лекин баъдан ин таҷриба хотима ёфт.
Акнун истифодабарандони барқ чӣ гуна дар бораи қатъи интиқоли он огоҳӣ мегиранд, ҳоло маълум нест.
Қобили зикр аст, ки пас аз ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии нав дар Душанбе ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегатҳои аввалини неругоҳи Роғун, ба назар чунин менамуд, ки мафҳуми “лимити барқ” дар гузашта боқӣ мемонад. Аммо бо фарорасии фасли тирамоҳ сокинони деҳот аз қатъи зуд-зуд ва тӯлонии барқ шикоят мекунанд.
Дар ширкати “Барқи тоҷик” чунин қатъкуниҳои интиқоли барқро корҳои таъмиру навсозӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо маънидод мекунанд, то ки дар фасли зимистон мушкилот пайдо нашавад. Ҷорӣ кардани ҳама гуна маҳдудиятҳоро дар ширкати “Барқи тоҷик” инкор намуда, зикр мекарданд, ки зерсохторро ба тартиб даровардан зарур аст.
ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” (дар баробари ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”) дар заминаи ширкати “Барқи тоҷик” таъсис дода шуд. Айни замон ин ду ширкат мустақилона кор мекунанд.
ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ҷиҳати беҳбуди хидматрасонӣ ба истифодабарандагон, дар ҳолату хуби техникӣ ва коршоям нигоҳ доштани иншооти электроэнергетикӣ, коҳиши талафоти барқ, афзоиши ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ ва дар ин асос роҳ надодан ба зиёдшавии қарзҳои ҷорӣ тадбирҳои муассир роҳандозӣ мекунад.