Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон 25 август дар Қасри миллат ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ тақдим намуд, хабар медиҳад сомонаи расмии президент.

Қабл аз тақдими мукофоту ҷоизаҳо президент ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ — 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, ҳиссаи ҳар яки онҳоро дар рушду ободии кишвар муассир ва арзанда баҳо дод.

Бинбар иттилои хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг, санъат, сохтмон, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллии мамлакат беш аз 200 нафар олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, кишоварзон ва соҳибкорон, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени Шараф дараҷаи I, ордени Шараф дараҷаи II, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2022, ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2022, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2022 ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2022 қадрдонӣ шуданд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон”, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ 25 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 11 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 23 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 82 нафар бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали Шафқат, 1 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 7 нафар бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика, 3 нафар бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2022, 2 нафар бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва 8 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд.

Ҳамчунин, тибқи қарори комиссияи дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2022, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 12 нафар барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2022 гардиданд.

1/63

Ёдовар мешавем, ки 18 марти соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ дар ҳамаи институту марказҳои илмии академӣ пешниҳод намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои ҳавасманд гардонидани олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис диҳад ва ҳар сол 15 нафар омӯзгорону олимони беҳтарин бо ин мукофот сарфароз гардонида шаванд.

Дар маросими мукофотсупорӣ бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2022 14 нафар сарфароз карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.