Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори нахуст бо усули видеоторакоскопия ҷарроҳии шуш анҷом дода шуд.
Онро табибони тоҷик дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбони швейтсарӣ анҷом додаанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз ин марказ хабар доданд, аҳамияти ин навъи ҷарроҳӣ дар он аст, ки раванди барқароршавӣ нисбат ба бемороне, ки ба таври кушода ҷарроҳӣ мешаванд ҳамагӣ ду-се рӯз давом мекунад.
Беморе, ки ҷарроҳӣ шудааст, 41 сол дошта, бо шикоятҳои сулфа ва нафастангӣ ба марказ муроҷиат кардааст.
«Дар бемор томогрофияи компютерӣ гузаронида шуда, маълум гардид, ки дар қафаси синаи ӯ калоншавии гиреҳҳои ломфатикӣ ҷой доранд. Ҷарроҳӣ бомуваффақият анҷом ёфт ва табибони шведӣ ба ҳамкорони тоҷикашон баҳои баланди касбӣ доданд», - гуфтанд дар марказ.
Дар марказ ёдовар шуданд, ки ҳоло барои беморон табобат ва ҷарроҳӣ ба кишварҳои дигар сафар кардан лозим нест.
«Мо табибони ҳирфаӣ дорем, ки дар Русия, Фаронса, Швейтсария ва дигар кишварҳо низ таълим гирифтаанд», - қайд карданд дар ин шӯъба.
Дар ин марказ ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо пизишкони швейтсарӣ ҷарроҳии қафаси сина бо истифода аз фанновариҳои муосир ба нақша гирифта шудааст.
«Зиёда аз шаш сол аст, ки дар фасли баҳору тирамоҳ табибони Швейтсария ба назди мо меоянд, то бо пизишкони тоҷик амалиёти муштарак анҷом диҳанд. Бар асари паҳншавии коронавирус онҳо ду сол ба Тоҷикистон омада натавонистанд. Аммо ҳоло сарҳадҳо боз ҳастанд ва ҳамкорӣ идома дорад», - гуфтанд дар марказ.
Ба гуфтаи манбаъ, пизишкон, ки се ҳафта дар Тоҷикистон буданд ва дар шуш амалиёти нодир анҷом доданд, рӯзи 3 ноябр ба ватанашон баргаштанд.
Дар маҷмӯъ, дар ин муддат як гурӯҳи пизишкони тоҷику швейтсарӣ беш аз 10 амалиёти ҷарроҳии мухталиф анҷом додаанд. Инчунин бо беморон маслиҳатти тиббӣ низ дода шудааст.
Стратеги №1 ва мушовири Президент. Ёдбуди Суҳроб Шарипов
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 январи соли 2025
Қобилияти хариди аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли охир чӣ қадар тағйир ёфтааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 январи соли 2025
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста